иқтисод
«АНТИФРИЗ». ЧАРО СОҲИБКОРОН ДАР ИСТЕҲСОЛИ ОН БА ТАҚАЛЛУБКОРӢ РОҲ МЕДИҲАНД?
Дар мавсими сармо дар бозори истеъмолӣ моеи зиддисардӣ, ба истилоҳ «Антифриз» яке аз маҳсулоти серхаридор буда, дар тамоми воситаҳои нақлиёт истифода мегардад. Маҳз аз ҳамин фурсат истифода бурда, дар бозори дохилӣ бархе аз соҳибкорон навъҳои пастсифату ғайристандартии онро ба харидорон пешниҳод мекунанд, ки бар зарари истеъмолкунандагон аст.
Тавре Парвиз Муҳибов, сардори нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» изҳор дошт, то ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки маҳсулоти серталаботро тақаллубкорӣ карда, ба шакли он монанд маҳсулот истеҳсол менамоянд, вале ба сифату таркиби он аҳамият намедиҳанд. Чораҷӯиҳои вақтҳои охир ва санҷишҳои озмоишгоҳӣ маълум кард, ки дар баъзе аз ин намуди маҳсулот ба ҷуз об ва моддаи рангкунанда дигар чизе мавҷуд нест. Ҳол он ки таркиби худи моеи антифриз танҳо аз об, спирти 2-атома, этилингликол ва маводи рангкунанда иборат аст. Дар марҳилаи аввали гузарондани озмоиш, аллакай, таҷҳизоти санҷишӣ нишон дод, ки истифодаи он дар фасли зимистон танҳо бар зарари ронандагон аст.
Чунонки аз натиҷаи ташхисҳо маълум гардид, аз бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе тайи ду моҳи соли гузашта дар ҳаҷми 540 литр ва давоми моҳи январи соли ҷорӣ 350 литр моеи антифриз, ки аз рӯи сифат ва бехатарӣ ғайристандартӣ дониста шудааст, дарёфт гардид. Инчунин, моҳи январи соли ҷорӣ 300 тонна чунин маҳсулоти воридотӣ, ки аз рӯи тамғагузорӣ ғайристандартӣ буданд, дарёфт шуд. Тавре мутахассисон иброз медоранд, дар рӯи борҷомаи маҳсулот то ба 40 дараҷа сардӣ тобовар будани маҳсулот зикр шудааст, лекин баъди ташхис маълум гашт, ки маҳсулоти номбурда ба 30 дараҷа сардӣ мувофиқ аст. Барои ин амал ду соҳибкори инфиродӣ, ки маҳсулоти болозикрро ворид намудаанд, ҷарима шуд.
Албатта, ин ҳолат истеъмолгаронро сарсон намуда, боиси нигаронии ронандагони нақлиёт гаштааст. Зеро агар, аз як тараф, харидории чунин маҳсулоти ғайристандартӣ ба буҷети оилаи онҳо зарари молиявӣ расонда бошад, аз тарафи дигар, ба фарсудашавии таҷҳизоти нақлиёт оварда мерасонад.
Муборизи Файзулло, сокини шаҳри Ҳисор, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аз як мағозаи шаҳр бо нархи 75 сомонӣ моеи антифриз харидам. Дар борҷомаи он номи тамғаи маҳсулот – «СООL», истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон навишта, зикр шудааст, ки то ба 35 дараҷа сардӣ тобовар аст. Лекин вақте ки онро истифода намудам, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт ях баст. Ҳоло намедонам, ки маҳсулоти босифатро аз куҷо дастрас намоям, зеро дигар ба фурӯшандагон низ, боварӣ намондааст.
Аз суҳбат бо чанд нафар ронандагони дигар, ки худро сокинони шаҳри Ҳисор ва пойтахти кишвар муаррифӣ намуданд, аён гардид, ки онҳо низ ба ин ҳолат дучор шудаанд.
Баъзе аз фурӯшандагон таъкид медоранд, ки ҳангоми қабули маҳсулот ба ҳама паҳлуҳои сифатнокӣ, сертификату намуди зоҳирӣ ва тамғагузории маҳсулот таваҷҷуҳи хосса медиҳанд, то ки мизоҷони доимии худро аз даст надиҳанд ва ба онҳо зарари молиявӣ наоранд.
Ба гуфтаи Парвиз Муҳибов, гарчанде теъдоди зиёди моеи зиддисардии антифризи ғайристандартӣ аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо мусодира шуда бошад ҳам, бемасъулиятӣ ва андешаи даромади муфт вуҷуди қаллобонро тарк намекунад. Бо вуҷуди гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, фурӯшандагони зиёде ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот ба сифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа харидор зарари молӣ мебинад.
Истифодаи моеи зиддисардӣ дар ҳолати ғайристандартӣ буданаш танҳо бар зарари ронандагон аст ва дар рӯзҳои сард ба ҳолати воситаҳои нақлиёт зарари ҷиддӣ расонда метавонад. Хусусан, дар фасли зимистон, дар ҳолати паст будани ҳарорати ҳаво ва ё дар минтақаҳои сарди кишвар зарурати истифодаи он бештар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як харидор ҳангоми харид ба ҳама тавсияҳои мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир созанд. Аз фурӯшанда сертификати мутобиқати сифати маҳсулотро талаб намоянд, то ҳангоми истифодаи моеи антифриз дар ҳолати ногувор қарор нагиранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2023 №: 25 Мутолиа карданд: 325