logo

Хабарҳо

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

Мардумони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) таърих, фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои монанд доранд. Кишварҳои аъзои СҲИ дорои иқтисодиёти пешрафта, сарватҳои бойи зеризаминӣ, халқи заҳматкаш ва рушди динамикӣ мебошанд. Ин созмон имкониятҳои пешбарандаи тиҷорат, коммуникатсияҳои нақлиётӣ, кооператсияи саноатӣ, гардишгарӣ ва ҳифзи муҳити зистро низ фаро мегирад. Шароити глобалии афзоиши рақобатнокӣ барои ба даст овардани захираҳо, сармояҳо, технологияҳо ва дастрасӣ ба бозори беруна тақозо менамояд, ки мо барои расидан ба ҳадафҳои муштарак якҷоя амал кунем. 
Ин матлабро Бахтиёр Саидов, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (24 январ,  Тошкент, Ӯзбекистон) иброз дошт. Дар кори ҷаласа Дабири кулли СҲИ Хусрав Нозирӣ, вазирони корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизис-тон, Туркия, Туркманистон, Эрон ва Покистон иштирок доштанд. 
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ гуфт, ки Тоҷикистон барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни кишварҳои аъзои Созмон талош ба харҷ медиҳад. 
Номбурда зимни суханронӣ аз қабули якдилонаи Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии он аз ҷониби кишварҳои узв ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз ҷумла дар Нишасти 15-уми Сарварони кишварҳои аъзои СҲИ (28.11.2021, Ашхобод) таъкид гардида буд, изҳори сипос намуд. Вазир аҳамияти эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, таъсис додани Бунёди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ ва вобаста ба ин мавзуъ гузарондани конфронси сатҳи баланди СММ дар соли 2025 дар Тоҷикистонро ҳамчун василаи муҳим дар ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ ва андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон маънидод намуд.
Ҳамчунин, аз кишварҳои узв даъват бар амал оварда шуд, ки дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, тавассути иштироки фаъол ва гирифтани уҳдадориҳо барои таҳрики амалҳои нав, суръат бахшидани талошҳои мавҷуда ва таҳкими ҳамкориву шарокат ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои марбут ба об Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.
Гузашта аз ин, Сироҷиддин Муҳриддин ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар паҳнои Созмон ишора намуда, ба зарурати идомаи тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ ва татбиқи тарҳҳои самарабахши минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди нақлиёт, занҷираи таъминот, кишоварзӣ, саноат, энергетикаи сабз, муҳити зист, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ таъкид намуд. 
Баъд аз анҷоми ҷаласа Хусрав Нозирӣ, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти ин Созмон хеле муҳим ва муассир арзёбӣ карда, чунин афзуд: 
– Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳими СҲИ мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин мамлакат дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои узви он хеле нақши муассир низ мебозад. Тоҷикистон,  ҳатто ҷаласаи СҲИ-ро дар сатҳи олӣ мизбонӣ кардааст. Дар шаҳри Душанбе сарварони давлатҳои аъзои СҲИ ба ҳам омада, дар доираи созмон чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон чанд бор ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲИ-ро мизбонӣ кардааст. 
Бояд гуфт, ки ҷаласаи 26-уми СҲИ дар Тошкент бо қабули коммюнике ба поён расида, раёсати он бар дӯши Ҷумҳурии Озарбойҷон гузашт ва минбаъд ҷаласаҳо дар шаҳри Боку баргузор хоҳанд шуд. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1895
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед