Хабарҳо
ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи назоратии назди иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ширкати муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ баргузор гардид.
Давлаталӣ Саид оид ба иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, сухан гуфта, таъкид намуд, ки роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта масъулият зоҳир созанд.
Ҳамчунин, мавсуф иброз дошт, ки дар вилоят дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, боғу токдорӣ, чорвопарварӣ, заминкушоӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани майдонҳои зиёд аз ҳисоби заминҳои беобу талу теппаҳо имкониятҳои истифоданашуда барои рушди иқтисодиёт зиёданд. Иҷрои ин амалҳо барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатии рушд ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум шароит фароҳам меоваранд.
– Бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда барои амалисозии нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ ва маҳаллии худ, ки баҳри боз ҳам ободу зебо гардондани шаҳру ноҳияҳо ва сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тарҳрезӣ шудаанд, тадбирҳои амалиро бояд роҳандозӣ намоем, – таъкид кард Давлаталӣ Саид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят дар назди шахсони масъул доир ба баррасии муроҷиат, арзу шикояти шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ва ҳалли саривақтии муроҷиаташон масъала гузошта, таъкид намуд, ки ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар дохили кишвар бо кор таъмин кардани корҷӯён чораҳои таъсирбахш андешида шуда, барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо корҳои амалиро ба роҳ монанд.
Давлаталӣ Саид, инчунин, вобаста ба роҳандозии фаъолияти дурус-ти корхонаҳои пахта, ба кор даровардани коргоҳҳои бозмонда ва, ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, риояи интизом дар ҷойи кор, таъмини шароити мусоид барои сайёҳон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, пешбурди корҳои оммафаҳмониву вохӯриҳо бо ҷавонон, ҳидоят намудани онҳо ба ватандорию хештаншиносӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, беҳтар кардани муҳтавои барномаҳои телевизионӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, ҷалби сармоя, пешниҳоди дурусти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварии андозҳо, беҳтар намудани сифати таълим ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ, вусъат бахшидани раванди бунёди иншооти ҷашнӣ ба ҳозирон дастуру супоришҳои мушаххас ва тавсияҳои муфид дод.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1751