Хабарҳо
НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори филиали ширкати CNPC (Корпоратсияи миллии нафту гази Чин) Central Asia B.V. дар Тоҷикистон ҷаноби Ли Бинг баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои амалишавии созишномаро оид ба тақсимоти маҳсулот вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ – геологӣ дар майдонҳои нафту гази вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ли Бинг гуфт, ки дар ҳолати хуб ба анҷом расидани корҳои ҷустуҷӯӣ – геологӣ, ба рушди соҳаи нафту гази Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад шуд.
Дар мулоқот имкониятҳои сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ гардида, таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар ҳавасманд аст.
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1842