барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ШАҲБОЗ ШАРИФ
30 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Пешовар боиси андуҳи беандозаи мо гардид.
Мо ин амали террористии золимонаро қотеона маҳкум карда, ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми бародари Покистон ҳамдардиву тасалияти амиқи инҷонибро изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон ҳастем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2023 №: 26 Мутолиа карданд: 222