logo

фарҳанг

ИСТАРАВШАН. ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД ХОҲАД БУД

 
Имрӯз вақти он расидааст, ки ба зинаи аввали низоми маориф, яъне томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро дар муассисаҳои томактабӣ хишти нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешавад.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Шерзод Комилӣ, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёни умумии № 24-и ба номи Чӯлибой Комилови деҳаи Оби Зулоли Ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” мактубе  ирсол намуда, дар он навиштааст, ки дар ягон 8 деҳаи Ҷамоати деҳоти Нофароҷ кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ вуҷуд надорад. Аксари ҳолатҳо кӯдакон, махсусан кӯдакони деҳаи Оби Зулол, бо сабаби набудани кӯдакистону майдончаҳои варзишӣ аз назорат дур монда, ба кӯча ва ҳатто роҳи мошингард баромада, ба бозию оворагардӣ машғул мешаванд.   
Ҷиҳати муайян сохтан ва то чӣ андоза воқеӣ будани шикояти ин омӯзгор хабарнигори рӯзнома ба шаҳри Истаравшан сафар кард.
Бо раиси Ҷамоати деҳоти Нофароҷ Фирӯз Ҳакимзода дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрдам. Чун ӯ аз мақсади ташриф овардани ман огоҳӣ ёфт, пешниҳод кард, ки барои ҷавоби воқеӣ гирифтан ба шикояти муаллифи мактуб, аз манфиат холӣ нест, агар  бо деҳаҳои ҷамоат аз наздик ошно шавем. Масоҳати роҳ аз маркази Истаравшан то наздиктарин деҳа 13 километр ва то дурдасттаринаш деҳаи Ширинчашма 35 километрро ташкил медиҳад. Бо назардошти фасли сармои замистону боришоти зиёди барф, деҳаҳо, талу теппаҳо, боғоту майдони русто пурра барфпӯш буданд. Ростӣ,  як манзараи якрангу ноҳинҷор ва то андозае ҳузнангез ба чашм мерасид. Аввалин мушоҳида ҳам, мутаассифона, манфӣ буд, зеро роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо вайрону ноҳамвор ва хароб менамуданд. Бо вуҷуди он, ки чуқуриҳои роҳ аз барфу ях пур шудаанд, бесифатии роҳҳоро пӯшида наметавонистанд, зиёда аз ин, аз ҷониби кормандони Идораи роҳсозии шаҳр  ба   роҳи мошингарди деҳот моддаи зидди лағзиш  пошида нашудааст.  Раис бо огоҳӣ аз ваҷоҳати хабарнигор гуфт: “Шароити кӯҳистон, боришот зиёд ва ҳамин ҳолат мешавад. Аммо бо омадани фасли баҳор ҳамаи чуқуриҳоро шағалпӯш мекунем. Ана, дар тирамоҳи соли гузашта бо маблағгузории мардум қариб 3 километр роҳро мумфарш кардем ва, албатта, марҳила ба марҳила ин  раванд идома хоҳад ёфт. 
Дар давоми  қариб як соат аз 8 деҳа: Қадамҷо, Оби Зулол, Нофароҷ, Даҳяки Боло, Даҳяки Поён, Кунҷок, Навобод ва Ширинчашма  дидан кардем ва бо чанд нафар омӯзгори ин деҳаҳо низ, суҳбат оростем.
Ба иттилои Фирӯз Ҳакимзода, дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷ 9 деҳа мавҷуд буда,  7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дораду нуфузи аҳолӣ  наздик ба 13,5 ҳазор нафар расидааст. Шуғли асосии мардуми деҳот кишоварзӣ буда, пешбурди рӯзгори эшон аз баракати картошкаю ғаллапарварӣ, чорводорию боғдорӣ мебошад. Соли сипаришуда дар деҳоти Нофароҷ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 14 ҳазор тонна картошка,  14,5 ҳазор тонна мева ва 14,1 ҳазор тонна ғалла рӯёнда шудааст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ нишондиҳандаҳо баланд мебошанд.
– Албатта,  рушди кишоварзӣ хуб аст, аммо ҳоло аз назари иқтисодӣ  на ба он дараҷаест, ки аз ҳисоби  фоидаи он роҳҳо обод шаванду мактабу кӯдакистон бунёд намоем. Барои ин иқдомҳо боз чанд соли дигар зарур аст. Аз ҳисоби буҷет  бошад маблағ басанда нест, ба музди меҳнати кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ мерасаду халос.  Бахши соҳибкорӣ дар қиёс ба дигар минтақаҳои шаҳр  сустар рушд меёбаду ҷалби онҳо ба  корҳои ободониву созандагӣ  низ, ҷавобгӯи рӯз нест. Аз ҳамин сабаб, як-як чунин  муаммоҳо пайдо мешаванд, ки ҳалли онҳо вақт мехоҳад. Бо вуҷуди ҳамин ҳам,  солҳои охир бо роҳи ҳашар ин ё он иншооти иҷтимоӣ сохта мешавад. Масалан, дар деҳаи Қадамҷо хонаи замонавии саломатӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки сокинони панҷ деҳа аз он истифода мебаранд, гармхона сохтем, ҳоло як маркази ҳунармандӣ то фасли баҳор омода мешавад, албатта, ин раванд бояд дар оянда вусъати тоза гирад.    
Дар мавриди яке аз масъалаҳои асосӣ – ҷамоати деҳоте, ки дорои қариб 13,5 ҳазор аҳолӣ мебошаду ягон кӯдакистон надорад, аз Фирӯз Ҳакимзода пурсон шудем. Ӯ  дар ҷавоб гуфт, ки тули 70 соли даврони шуравӣ низ, ин ҷо кӯдакистон набуду солҳост, ки дар ин масъала сухан ҳам  нарафтааст.  Ростӣ, талаботи мардуми деҳот  ҳам набуд, акнун ин масъала мубрам мешавад. Ҳоло аз пайи ҳаллу фаслаш ҳастем ва то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакистони замонавӣ барои 240 нафар дар маркази Ҷамоати деҳоти  Нофароҷ бунёд хоҳад шуд.    
Баъдан, Гулрӯ Юсуфҷонзода, мудири маорифи шаҳри Истаравшан ҳам дар ҷавоб ба ин суол мушкилӣ кашид ва баррасии ин масъаларо дар сатҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ваъда дод.  
Масъалаи дигаре, ки Шерзод Комилӣ дар мактубаш овардааст, ин мавҷуд набудани майдончаву толорҳои варзишист, ки ба ин наметавон мувофиқ шуд.   Майдончаҳои наздимактабиву дохилидеҳавӣ ҳастанд, аммо иқрор бояд шуд, ки ҷавобгӯи замон намебошанд, охир ду сутунчаи аз ду тарафи майдон гузошташуда ҳанӯз варзишгоҳ нест. Аққалан гирду атрофи он бояд ба тартиб даровардаву ҷойи либоскашиву дастшӯӣ ва ташноб дошта бошад. Аммо ин  майдончаҳои варзишӣ ба одитарин талабот ҷавобгӯ намебошанд.  Оид ба толори варзиши замонавӣ метавон гуфт, ки дар  деҳаи Қадамҷо  мавҷуд аст. Бино ба нақли омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ  Абдуҳаким Ҷалилов, дари толор доимӣ боз буда, дӯстдорони варзиш аз он самарабахш истифода мебаранд. Дигар толори варзишии замонавӣ дар деҳаи Ширинчашма бунёд мешавад, ки  дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор дода мешавад. 
Тавре Фирӯз Ҳакимзода иброз дошт, то Ҷашни 35-солагии  Истиқлоли давлатӣ  ин масъала, яъне бунёди  толорҳои варзишӣ куллан дар  деҳоти Нофароҷ ҳалли худро ёфта, дар ин муддат аз тарафи соҳибкорон Мӯҳсин Раҷабов, Тошпӯлод Холбеков, Фарҳод Ҳоҷиев,  Холбой Мансуров ва кумитаи волидайн дар деҳаҳои Қадамҷо, Нофароҷ, Даҳяки Боло, Кунҷак, Ширинчашма, Навобод ва кӯдакистон дар деҳаи Оби Зулол сохта, ба истифода дода мешавад.
Ҳамзамон, раиси шаҳри Истаравшан Адҳамзода Маъмур дар суҳбати телефонӣ оид ба набудани кӯдакистону майдонча ва толорҳои варзишӣ, китобхонаҳо, қасри фарҳанги деҳоти Нофароҷу дигар ҷамоатҳо иброз дошт, ки  дар Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр барои солҳои 2021-2025 ҳамаи ин масъалаҳо ба инобат гирифта шуда, ба ҳалли мусбати онҳо мусоидат мекунад. Агар мушахассан сухан аз ислоҳи камбудиҳои ин деҳот равад, бояд зикр кард, ки  ҷавонони он дар масъалаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамеша фаъол буда, дар шаҳр нақшаро  нахустин ва ё дуюмин шуда, ба иҷро мерасонанд. Ҷавонони ин деҳот то кунун ҷиҳати пайвастан ба ин ё он гурӯҳҳои тундраву экстремистӣ ба қайд гирифта нашудаанду ба Ватан содиқона адои хизмат мекунанд ва дар истеҳсолоту рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолона иштирок доранд, пас месазад, ки ба ин амалу иқдомҳояшон подоши хуберо сазовор бошанд.  
Сафари мо ба Ҷамоати деҳоти Нофароҷу суҳбатҳо бо масъулон  ва рӯи коғаз овардани  онҳо, воқеан ҳам, дар ислоҳи камбудиҳои мавҷудаи деҳоти мазкур мусоидат мекунанду нақшаҳои тарҳрезишуда  татбиқи худро меёбанд ё на, вақт нишон медиҳад. Бо гузашти вақт, хабарнигори рӯзнома ин масъаларо пайгирӣ хоҳад кард.         
    
 Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2023    №: 26    Мутолиа карданд: 266
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед