Хабарҳо
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН
Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Иди аҷдодии тоҷикон - Садаро бошукӯҳ таҷлил доранд. Ба ин муносибат дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар низ, тантана бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, меҳмонон, фаъолон, санъаткорон, шоирону нависандагон, ҷавонон ва намояндагони соҳаи кишоварзӣ бо афрӯхтани гулхан ҳамчун рамзи нуру гармию зиё доир гардид.
Меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, гӯшаи гулу гиёҳҳо, растаи ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Сипас, тантана дар Қасри фарҳанг идома ёфт ва Давлаталӣ Саид паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати фарорасии Ҷашни Сада ба самъи ҳозирон расонда, иброз дошт, ки боиси ифтихору шодмонист, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол шукӯҳи бесобиқа мегирад. Ҷашнҳои суннатӣ, аз ҷумла Иди Сада, ёдгоре аз ниёгони мо буда, мардуми тоҷик онро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд: “Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид”.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷашни Сада дубора эҳё гашта, манзалату азамати худро барқарор сохт.
Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардондани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд. Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи Ҷашни Садаро бо гузоштани мева, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахӯдӣ оро медиҳанд.
Ташкили намоиш - фурӯши ниҳол, гулу гулбуттаҳо, омода кардани техникаи кишоварзӣ, яке аз унсурҳои Сада ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои саҳроӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ оғоз мебахшанд, - гуфт Давлаталӣ Саид.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1792