logo

иқтисод

САДА САД БА ҒАЛЛА, ПАНҶОҲ БА НАВРӮЗ

 
Эҳёи таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёд навидест, ки ба шарофати Истиқлоли  давлатӣ ва таваҷҷуҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст. Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест барои ояндаи дурахшон. Шукр  аз он мекунем, ки имрӯз бо даъвату ҳидояти Пешвои миллат ҷашнҳои мардумии аҷдодӣ аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайраҳо, басо пуршукӯҳу хотирмон ҷашн гирифта мешаванд, ки, бешубҳа, он боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии аҳли диёр, хосса  насли наврас мегардад. 
Ҷашни Сада дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодамон қарор дошта, пайдоиши он аз замонҳои дури таърих оғоз мегирад.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: «Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст».
Оид ба таърих ва пайдоиши ҷашни Сада мутафакирони ниёгонамон Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз «Қасидаҳояш», Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» Исфандиёру Каюмарс «Аз ёдгор мондани Ҷашни Сада» ва шоири қасидасарои асри ХV Унсурии Балхӣ навиштаҷоти гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштаанд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Ҷашни Сада ба 30 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: “Ҷашни Сада ба даҳаи баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози Ҷашни Наврӯз баргузор мегардад”.
Инчунин, дар аксари сарчашмаҳои таърихию адабӣ оварда шудааст, ки Ҷашни Сада бештар ба рақами сад марбут мебошад. Бо назардошти ин, ҳангоми баргузории Ҷашни Сада миёни мардум ашъоре хонда мешуд; “Сада, Сада сад ба ғалла, панҷоҳ ба Наврӯз”. Воқеан, ин дуруст аст, ки аз ибтидои Ҷашни мазкур то пухта расидани ғалла дар баъзе аз водиҳои Тоҷикистон 100 рӯз ва то ба Ҷашни Наврӯз панҷоҳ рӯз рост меояд.
Ҷашни Сада ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои аҷдодӣ аст, ки инкишофи тамадуни башарӣ, дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз он баҳраҳо бурдааст. Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию мазҳабӣ,  Сада тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. 
Иди Сада, ин ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав, сарфароз гардондани пешқадамон ва омодагии соҳа ба киштукори баҳорӣ мебошад. 
Олимону омӯзгорон дар ин давра дар асоси таҳлили истеҳсолоти кишоварзӣ бо мутахассисону деҳқонон семинар-омӯзишҳо баргузор намуда, онҳоро барои самаранок истифода намудани обу замин ва гирифтани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ роҳнамоӣ менамоянд.
Тамаддуни илмӣ идҳои сегонаи кишоварзонро аз ҷашнҳое медонад, ки бо худ покизагиву фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзӣ, хони пурнозу неъмат, қаноатмандиву нишотро ҳамроҳ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост.
Дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, инсониятро хавфи норасоии ғизо бештар таҳдид менамояд. Бинобар ин, таъмини амнияти озуқаворӣ барои ҳар як кишвар аҳамияти аввалиндараҷа касб карда, аз ҳадафҳои асосӣ қарор гирифтааст.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кишоварзон, татбиқкунандагони ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ин масъулият моро водор месозад, ки дар ин роҳ чораҳои мушаххас андешем ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар бахши кишоварзӣ дар амал татбиқ намоем. Барои иҷрои вазифаҳои дар назди олимон гузошташуда, моро зарур аст, ки ҳар порча замини кишоварзӣ, обҳои мусаффои диёр ва нурҳои ҷонбахши Офтобро самаранок истифода намуда, вобаста ба имконияти агроиқлимӣ, гирифтани ду-се ҳосили зироатҳои кишоварзиро амалан татбиқ намоем. Олимону кишоварзони мамлакат бо ғайрати дучанд меҳнат карда, барои омодагӣ ба мавсими киштукор аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Самараи талош ва заҳматҳои онҳост, ки имрӯзҳо маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои истеъмолӣ фаровон аст.
Дар ҳалли масъалаҳои муҳими кишвар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ саҳми онҳо ниҳоят калон мебошад. Имрӯзҳо ба шарофати истиқлолияти Ватани азизамон кишоварзони кишвар дар фазои орому осоишта умр ба сар мебаранд ва фаъолияти пурсамар намуда, маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро истеҳсол менамоянд ва ба танзими нархҳои дастраси аҳолӣ замина мегузоранд. 
Бигзор соли равон ҳосили деҳқон бамаротиб афзояд ва самараи баланди иқтисодӣ орад.
 
Ёқубҷон УРОҚОВ,  котиби илмии  Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2023    №: 26    Мутолиа карданд: 330
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед