logo

иқтисод

ПИЁЗ. БОЛОРАВИИ НАРХ ОМИЛҲОИ ГУНОГУН ДОРАД

Сабаби дар бозорҳои кишвар давоми чанд рӯзи охир то 7 сомонӣ боло рафтани нархи пиёзро мутахассисони соҳа ба ҳолати фавқулодаи якбора сард омадани боду ҳаво рабт медиҳанд, ки дар натиҷа зироат талаф ёфт. 
 
Тавре Ҷалил Пиризода, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системаи рушди кишоварзӣ, изҳор дошт, боло рафтани арзиши маҳсулоти зироат дар фасли сармо ҳолати маъмулист. Ҳарчанд солҳои охир нархи зироатҳо, аз ҷумла картошка, пиёз ва сабзӣ, бо  назардошти афзоиши ҳаҷми истеҳсол, ба танзим дароварда шудааст, аммо омилҳои гуногуни таъсиррасон зиёданд. 
Ба гуфтаи номбурда, барои таъмини аҳолӣ бо пиёз захираи он дар анборҳо ба роҳ монда мешавад. Имсол низ мувофиқи талаботи аҳолӣ пиёз дар анборҳо захира гардид, аммо азбаски таркиби пиёз бештар аз об иборат аст, он дар анборҳо ба хунукии чанд рӯзи охир тоб наоварда талаф ёфт. Ин ҷо, албатта, норасоии анбори замонавӣ мушкилӣ эҷод кард, ки проблемаи асосии бисёр кишоварзон мебошад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, кишоварзони мамлакат соли гузашта 672 ҳазор тонна пиёз истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2021 кам аст. Камшавии истеҳсол бо сабаби дар майдони кишт нисбатан кам коридани ин номгӯи зироат мебошад. 672 ҳазор тонна пиёз барои таъмини пурраи аҳолӣ басанда аст, зеро аз рӯи меъёрҳои тавсиявии физиологии  истеъмоли маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолӣ, дар ҷумҳурӣ талаботи умумӣ ба пиёз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Танҳо мушкили дар чунин сардиҳо (10-15 дараҷа хунук) дуруст нигоҳубин  ва захира карда натавонистани пиёз нархи онро то ин андоза боло бурд. Баландтарин нархи пиёз 3,5-4 сомонӣ буда, имсол то 7 сомонӣ қимат шудани он бори аввал аст. Аз ин рӯ, барои беталаф мондани маҳсулот дар ҳама фасли сол зарурати бунёди ҳарчи бештари ҷойи нигоҳдории маҳсулот – анборҳои замонавӣ ба миён омадааст. Теъдоди дар ҷумҳурӣ будани ҳамагӣ 210  анборхона бо ғунҷоиши 100 ҳазор тонна маҳсулот худ нишондоди хеле паст аст, ки аз масъулон андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2023    №: 26    Мутолиа карданд: 1183
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед