logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

«БЕҲТАРИН ҚАСРИ ФАРҲАНГ»
ОЗМУНИ НАВЕ, КИ ВАЗОРАТ ЭЪЛОН МЕКУНАД
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки бо саҳми мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот маҷмуи ҳуҷҷатҳои номинаи муштараки «Таҳзиб – санъати зарҳалкорӣ» (ҳамроҳ бо кишварҳои Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон) ҷиҳати ворид шудан ба рӯйхати мероси ғайримоддӣ гирдоварӣ, таҳия, тарҷума ва ба идораи ЮНЕСКО ирсол гардид.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» 12 номгӯ китобҳои гаронарзиши пажӯҳиширо ба чоп расонд, ки 85 дарсад таълифи олимони ватанист. 
Бино ба гуфтаи Зулфия Давлатзода, имсол Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин қасри фарҳанг» баргузор мешавад, ки барои фаъолтар кардани кори қасрҳои фарҳанг, хонаҳои маданият ва театрҳои халқӣ нигаронда шудааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 
Муҳлати бақайдгирии симкортҳо тамдид намеёбад
Дар ҷумҳурӣ муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ то 15 феврали соли ҷорӣ идома меёбад. Дар ин муддат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз аз бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи ID-корт нагузаштаанд, метавонанд ба наздиктарин нуқтаҳои хизматрасонии алоқаи мобилӣ муроҷиат намоянд. Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Мавсуф изҳор дошт, ки айни ҳол шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилие, ки симкортҳояшон бо шиносномаи соли 1996 дар қайд ҳастанд, зиёда  аз 2 миллионро ташкил медиҳад, ки аз он  882 ҳазору 774-тоаш фаъол мебошад. 
Дар маҷмуъ, дар доираи чорабиниҳои азнавбақайдгирии симкортҳо, ки аз соли 2019 бо шиносномаи шаҳрвандии намунаи соли 2014 идома дорад, дар ҷумҳурӣ шумораи бақайдгирандагони симкортҳои мобилӣ бо ID-корд зиёда аз 6 миллионро ташкил медиҳад, аз ин 5,5 миллионаш фаъол аст.
Тибқи қарори Ҳукумат, то анҷоми муҳлати бақайдгирии дубораи симкортҳо ду ҳафтаи дигар боқӣ мондааст, яъне 15-уми феврали соли 2023 ба охир мерасад. Ҳар шаҳрванде, ки симкорти худро дар дилхоҳ шабакаҳои мобилӣ тавассути корти-ID сари вақт ба қайд мегирад, соҳиби рақамҳои нуқрагӣ бо интернети иловагии 1000 мегабайт мегардад.
 
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
"Ҷумҳурият"
 
 
Хадамоти алоқа ҷиҳати беҳтар кардани суръати интернет чора меандешад
 
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳбуди рушди соҳаи алоқа, хосса баланд бардоштани суръати интернет ва паст кардани нархи он бо мақсади рушди иқтисоди рақамӣ, пешбурди зеҳни сунъӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя, беҳтар намудани сифати шабакаи алоқа ва интернети мобилию ташкили паркҳои технологӣ-инноватсионӣ дар кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад, – иброз дошт Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа. 
Ба гуфтаи ӯ, алҳол дар ин самт ширкатҳои мобилӣ вазифадоранд, маҷмуи истгоҳҳоро, ки муштариро бо шабакаи интернети мобилӣ пайваст мекунанд, зиёд намоянд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 3212 истгоҳи нав ба фаъолият шуруъ кард.  Айни замон санҷиши нуқтаҳои алоқаи мобилӣ ба роҳ монда шуда, насби беш аз 400 истгоҳи хориҷӣ дар нақша аст. Барои пайдо кардани роҳҳои алтернативӣ андеша дорем, ки интернет ба кишвари мо аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон низ, ворид гардад. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1821
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед