logo

иқтисод

САДА. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР ПОЙТАХТ

 
Сада яке аз ҷашнҳои ниёгони тоҷикон ба шумор рафта, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дубора эҳё гардид. Ҷашни Сада ҳамасола бо як шукӯҳу манзалати хосса дар   Тоҷикистон таҷлил мешавад. 29 январи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ баргузор шуд. 
Деҳқонону кишоварзони ҷумҳурӣ намунаи маҳсулоти худро ба меҳмонону сокинони пойтахт муаррифӣ намуданд. Ҷашнгоҳ бо лавҳаву овезаҳо, амсилаи гулхан, гулу буттаҳо, дастархонҳои пур аз нозу неъмат ва маҳсулоти ҳунарӣ оро ёфта, суруду мусиқӣ ба иштирокдорон як фазои нотакрорро фароҳам овард. 
Одилҷон Ҳамидов, сардори Муассисаи давлатии "Комиссияи давлатии озмоишҳои навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо"-и Вазорати кишоварзӣ, мақсад аз баргузории ин ҷашнро чунин шарҳу тавзеҳ дод: 
– Ҷашни Сада ба шарофати амалӣ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишварамон эҳё гардид. Сада иди дӯстиву рафоқат ва меҳру муҳаббат буда, рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ мебошад.  
Баёни таассуроти кишоварзи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Муҳсин Бойматов аз ҷашн:
– Имрӯз, мо аҳли кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун, дар Ҷашни Сада ширкат варзида, маҳсулоти хоҷагии худро муаррифӣ намудем. Барои мо хурсандиовар аст, ки баробари мужда додан аз оғози омодагиҳо ба корҳои саҳроӣ, бо намунаҳои техникаи муосири кишоварзӣ шинос шудем, ин намоиш ба мо барои дарёфти навъҳои нави тухмиву зироатҳо ва ниҳолҳои суперинтенсивӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар  тантанаҳои ҷумҳуриявии Ҷашни Сада Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.  
 
Латифабону РУСТАМЗОДА,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2023    №: 26    Мутолиа карданд: 1176
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед