иқтисод
ЭЛЕКТРОМОБИЛҲО ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАНД?
Акнун, ки пойтахти кишварамон бо автобусу троллейбусҳои замонавӣ таъмин гаштааст, навбат ба истифодаи оммавии нақлиёти барқӣ – электромобилҳо низ фаро расид. Фарогирии ин воситаи нақлиёт барои кишвари дорои захираҳои бузурги энергетикидоштаи мо хеле муҳим ва саривақтӣ буда, аз чанд ҷониб аҳамияти калон дорад. Пеш аз ҳама, дар сурати истифодаи васеи нақлиёти барқӣ – электромобилҳо талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти нафтӣ коҳиш ёфта, ба ин восита ҳифзи муҳити зист ва вазъи экологии кишвар беҳтар мегардад. Дар ин бора Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид дошта, ҷиҳати дар кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт дастуру супоришҳо доданд.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, алҳол дар ҷумҳурӣ барои таъмини самараноки истифодаи электромобилҳо имкониятҳо фароҳам буда, бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ҷамъоварӣ ва бандубасти таҷҳизоти нақлиёти барқӣ бо давлати Корея гуфтушунид ҷараён дорад. Дар назар аст, ки дар доираи ҳамкорӣ электромобилҳо марҳила ба марҳила ҷойи нақлиёти сабукрави муқаррарӣ, аниқтараш беш аз 400 ҳазор нақлиёти сабукравро мегиранд. Айни замон, аз 444 ҳазору 905 нақлиёти сабукрав электромобилҳо зиёда аз 120 ададро (0,027 дарсад) ташкил медиҳанд, ки ҳанӯз нишондоди кам аст. Маҳз аз ҳисоби сол ба сол зиёд гаштани теъдоди нақлиёти автомобилӣ, хусусан истифодаи муҳаррикҳои дарунсӯзи автомобилӣ, ки бо сӯзишвории нафтӣ кор мекунанд, раванди ифлосшавии муҳити зист суръати баланд гирифт. Аз ин рӯ, гузариш ба истифодаи нақлиёти барқӣ яке аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумату давлат ба ҳисоб меравад.
Мамадамон Абдулло, дотсенти кафедраи нақлиёти автомобилии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, зимни суҳбат чанд бартарии нақлиёти барқиро изҳор дошт, ки яке аз онҳо захира шудани неруи барқ мебошад.
Ба гуфтаи номбурда, азбаски нақлиёти барқӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, асосан, аз пайдоиши энергияи барқии истифодашаванда вобастагӣ дорад, ҳангоми истифодабарии он, бо назардошти самаранокӣ ва захираи энергия, назар ба муҳаррики дарунсӯзи автомобилҳои муқаррарӣ бартарӣ дода мешавад. Илова бар ин, истеҳсол ва истифодаи нақлиёти барқӣ ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо, ба таври васеъ ҷорӣ гардидани технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ бехатар, паст шудани дараҷаи ифлосшавии ҳаво, беҳтар шудани муҳити шаҳр ва баланд гардидани бехатарӣ дар роҳҳо мусоидат менамояд.
Омили дигари барои истифодаи нақлиёти барқӣ дар кишвари мо мусоид ин иқлими гарм мебошад. Тавре маълум аст, шароити сарди иқлим ва ҳавои ниҳоят хунук гашти нақлиёти барқиро хеле маҳдуд менамояд, зеро қисмати назарраси энергияи захирашудаи нақлиёт барои гарм кардани ҳарорати дохили автомобил сарф мешавад
ДАР МАРҲИЛАИ АВВАЛ НАҚЛИЁТИ ГИБРИДӢ ВА БАРҚӢ
– Агар самаранокии истифодаи электромобилҳоро таҳлил карда бароем, нахуст бояд мафҳуми электромобилро шарҳ дод, – гуфт Мамадамон Абдулло.
– Электромобил як навъи воситаи нақлиёт ба ҳисоб рафта, бо як ё якчанд муҳаррики барқӣ, ки аз манбаи мустақили қувваи барқ (батареяҳо, ҳуҷайраҳои сӯзишворӣ, конденсаторҳо ва ғайра) ё дугона – гибрид (муҳаррики барқӣ бо муҳаррики дарунсӯз) кор мекунад. Чанд намуди элекромобилҳоро ҷудо кардан мумкин аст. Аз ҷумла, автомобили гибридӣ, ки бо истифода аз муҳаррики барқии аз ҳисоби аккумуляторҳо коркунанда ва муҳаррики дарунсӯз. Ҳаракати чунин автомобилҳо аз ҳисоби аккумуляторҳо хеле маҳдуд буда, онро аз манбаи берунаи барқ қувва додан ғайриимкон аст. Инчунин, автомобилҳои гибридии плагин – кори якҷояи электрикӣ ва дарунсӯзро таъмин намуда, имкони қувва додани аккумулятор аз шабакаи берунаи барқиро дороанд. Онҳо ҳамчунин, масофаи калонро тавассути манбаи барқӣ тай карда метавонанд.
Дар автомобилҳои аккумуляторӣ бошад, манбаи ягонаи энергияи барқ танҳо аккумулятор мебошад ва он танҳо аз шабакаи берунаи барқӣ қувва дода мешавад. Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки дар оянда автомобилҳои барқӣ ё гибридӣ бо муҳаррики пневматикӣ-барқӣ автомобилҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯзро марҳила ба марҳила иваз хоҳанд кард. Аз ин рӯ, дар кишвари мо низ дар марҳилаи аввал бояд ба рушди нақлиёти гибридӣ ва барқӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Зеро истеҳсол ва истеъмоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ характери мавсимӣ дошта, тобистон истеъмол каму имкони тавлид зиёд аст ва дар фасли зимистон ҳолати баръакси он мушоҳида мешавад. Вобаста ба ин, олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, изҳор доштанд, ки дар кишвари мо барои гузариш ба нақлиёти барқӣ, истифодаи нақлиёти гидрогенӣ хеле муфид аст. Барои нақлиёти гидрогенӣ ташкили инфрасохтори махсуси истеҳсоли гид-роген ва нуқтаи таъмини автомобилҳо бо сӯзишвории гидрогенӣ зарур мебошад. Дар сурати ташкили чунин инфрасохтор кишвари мо метавонд энергияи барзиёди барқро дар тобистон ба истеҳсоли гидроген равона намояд ва автомобилҳои барқӣ бо ҳуҷайраҳои сӯзишворӣ (FCEV) имкон пайдо мекунанд, ки новобаста аз мавсими сол, аз он истифода баранд. Дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар заминаи Институти химия бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба таъсис додани раёсати энергетикаи гидрогенӣ идомаи корҳо дар самти рушди нақлиёти барқӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
ТАЪСИРИ МАНФӢ НИЗ ҲАСТ
Электромобилҳо дар баробари бартарият инчунин, паҳлуҳои манфӣ низ доранд. Ин пеш аз ҳама, нархи гарони электромобил мебошад, ки бо назардошти ба он зиёд гаштани талабот, боло меравад. Илова бар ин, мушкилоти ҳассосияти иқтидори аккумулятор ба ҳарорати ҳаво, захираи маҳдуди ҳаракати автомобил ва таъмини воситаҳои ёрирасон бо энергия (таъмини дохили мошин бо гармӣ, сардӣ, радио ва ғайраҳо) дар интихоби электромобилҳо ҳамчун автомобили муосиру роҳатбахш таъсиргузоранд. Таъмини инфрасохтори соҳаи нақлиёти барқӣ низ аз масъалаи муҳими ҳалталаб ба ҳисоб рафта, барои босифат анҷом додани хизматрасониҳо аҳамияти калон дорад. Бо вуҷуди ин, дар замони муосир нақлиёти барқӣ ҳамоно самаранок ва камхарҷ аст. Масалан, барои қуввадиҳии батареяи электромобил 25 сомонӣ харҷ мешавад, ки бо он метавон наздик ба 400 километр роҳ тай кард. Дар ҳоле ки барои ҳаракати роҳи 400-километра ба мошини муқаррарӣ 40 литр сӯзишвории нафтӣ лозим меояд, ки онро агар бо арзиши 10 сомонӣ ҳисоб карда бароем, маблағи кам нест. Яъне, дар ҳар сурат, электромобилҳо бештар манфиатоваранд. Аз ин ҷост, ки дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX автомобилҳои дорои муҳаррикҳои барқӣ ва буғӣ аз рӯи бисёр нишондиҳандаҳо бо муҳаррикҳои дарунсӯзи бензинӣ рақобатпазир буданд. Электромобил ҳатто пеш аз автомобили дорои муҳаррики дарунсӯз ихтироъ гардидааст. Он танҳо баъд аз баланд бардоштани сатҳи маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони он аҳамияти худро гум кард. Акнун бо афзудани талаботи экологӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти нафтӣ электромобилҳо боз мавқеи худро аз нав барқарор менамоянд. Дар ин радиф, масъалаҳои устуворнокии бахши энергетикӣ ва дастрасӣ ба намудҳои нави энергия муҳим мебошад, зеро маҳз неруи барқ асоси саноат ва, дар навбати худ, муҳаррики иқтисодиёти ҳар як кишвари саноатӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, гузариши соҳаи нақлиёт ба барқикунондан вазифаи таъхирнопазире мебошад, ки бояд дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2023 №: 26 Мутолиа карданд: 1097