мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оғохони IV
31 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шоҳзода Карим Оғохони IV-ро ба ҳузур пазируфт. Дар сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Оғохон оид ба рушд, ки имсол аз таъсиси он 50 сол сипарӣ шуд, баррасӣ гардид.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳзода Оғохони IV барои ёриҳои ба Тоҷикистон расондааш арзи сипосу миннатдорӣ кард. Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳо, ки асосан дар соҳаҳои туризм, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори туризм, амалигардонии лоиҳаҳои энергетикӣ, алоқа ва сохтмону барқарорсозии роҳҳо низ аз самтҳои матлуби робитаҳои минбаъда арзёбӣ гардид.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8788