мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ша Тсу Кан
7 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ша Тсу Канро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили об ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамгироии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар самту соҳаҳои гуногун, аз ҷумла татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвари мо оид ба масоили об ва Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, баррасӣ шуданд.
Ша Тсу Кан салому паём ва миннатдории Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Гӣ Мунро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри баргузории чунин ҳамоиши муҳим дар шаҳри Душанбе расонда, изҳор дошт: «Созмони Милали Муттаҳид омода аст, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти зиёди мавҷуда, аз ҷумла вобаста ба мушкилоти истифодаи захираҳои обию энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат намояд».
Изҳори боварӣ шуд, ки конфронси Душанбе дар натиҷагирии нимаи аввали Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва муайян кардани нақшаву тадбирҳои амалӣ барои ноил гаштан ба мақсадҳои Даҳсола ва Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола маъракаи асосӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки «натиҷаҳои конфронси Душанбе дар мулоқоти сатҳи олии Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи сентябр дар шаҳри Нию-Йорк барпо хоҳад гашт, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад”.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1757