мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Корӣ Удовичкиро ба ҳузур пазируфт
7 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба барномаи рушди ин созмон бону Корӣ Удовичкиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот бо Корӣ Удовички масъалаи ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гашт.
Ба натиҷаи ҳамкории дуҷониба, ки самти асосии он мусоидат ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аст, баҳои баланд дода шуд.
Рушди маориф, тандурустӣ, ислоҳоти идораи давлатӣ, омодасозии ҷойҳои нави корӣ ва таъмини тиҷорати озоди минтақавӣ аз самтҳои асосии ҳамкорӣ маънидод гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1791