мулоқотҳо
Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф арзёбӣ шуд
7 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензоро ба ҳузур пазируфт.
Мавзӯи асосии сӯҳбат бо президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензо ҳамкорӣ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола буд.
Франсис Лорензо Тоҷикистонро «кишвари калидӣ дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба оби тоза» маънидод карда, изҳор дошт, ки дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола низ масоили таъмини дастрасӣ ба оби тоза нақши марказӣ доранд.
Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» ба фаъолияти Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола чун кишвари таҷрибавӣ баҳои баланд дода, онро давлати пешсаф дар ин самт арзёбӣ намуд.
Франсис Лорензо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки моҳи сентябри соли равон баҳри иштирок дар иҷлосияи навбатии Созмони Милали Муттаҳид ва маросими супурдани ҷоизаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба шаҳри Нию-Йорк ташриф орад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1763