мулоқотҳо
Мушкилоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баррасӣ ёфтанд
8 июн сӯҳбати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид доир ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Энча мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба мушкилоти мавҷудаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро дар бар гирифт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба бартарафсозии монеаҳо дар роҳи рафтуомади одамон, гардиши озод ва транзити молу маҳсулот миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар мушкилоти ҳалталаб зоҳир шуд.
Мубодилаи афкор ҳамчунин доири афзоиши истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва дигар хатарҳои аз ин кишвар сарчашмагиранда сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1864