мулоқотҳо
Гуфтугӯ судманд анҷом пазируфт
8 июн дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини сарвазири Туркманистон Мурадгулӣ Акмамедов масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ ёфтанд.
Тақвият ва густариш додани заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба тавассути омода кардан ва ба имзо расондани санадҳои нав зарур шумурда шуд.
Изҳори боварӣ шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон, ки нимаи дуюми соли равон бояд дар шаҳри Ашқобод баргузор гардад, ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба мавзӯъҳои конфронси байналмилалии имрӯза ва истифодаи босамару сариштакорона аз захираҳои обию энергетикии минтақа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1821