мулоқотҳо
Дар Тошканд Эмомалӣ Раҳмон бо Ху Тсзинтао вохӯрд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 11 – уми июн баргузор гардид, ба шаҳри Тошканд – пойтахти Ӯзбекистон сафар кард.
10 июн дар шаҳри Тошканд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории бисёрпаҳлуи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
-Ҷумҳурии Мардумии Чинро мо шарики стратегӣ ва мӯътамади Тоҷикистон шумурда, ба таҳкиму густариши муносибот бо он манфиатдорем, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон.
Ху Тсзинтао дар навбати худ изҳор дошт, ки «Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст ҳамаи тадбирҳои Тоҷикистонро баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушди иқтисодиёти худ устуворона дастгирӣ намояд».
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, қабл аз ҳама аз татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки иқтисодию инфрасохторӣ, ки барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба суръат ва сифати кори ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон ба бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ машғуланд, баҳои баланд дода шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо вуҷуди бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ҳаҷми мубодилоти моли миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2009 қариб ба 1,5 миллиард доллари ИМА баробар шуд.
Ху Тсзинтао ба нақши байналмилалии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми намоёнаш дар омодасозии ин ҳамоиши сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва умуман таҳкими эътибори ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ арзи сипос намуд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва ҳавасмандии кишварашро оид ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла барои маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сершумори иқтисодӣ таъкид намуд.
Зикр гардид, ки масъалаи аз ҳисоби сандуқи қарзии Созмони ҳамкории Шанхай, ки ҳаҷми умумии маблағаш 10 миллиард долларро ташкил дода, барои кишварҳои аъзои ин созмон пешбинӣ шудааст, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба Тоҷикистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дорад. Ху Тсзинтао изҳор дошт, ки имсол Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгирии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон 80 миллион юан (6,7 юан =1$) грант ва барои бартарафсозии оқибати офатҳои табиат 5 миллион юан кӯмаки башардӯстона ҷудо мекунад.
Ҳар ду ҷониб изҳор дошт, ки барои такмили техникии гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу ва таъмини кори он дар ҳамаи фаслҳои сол ва ҳамчунин баҳри густариши робитаҳои Тоҷикистон бо минтақаи Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ, аз ҷумла масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ, сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1888