сафарҳо
Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кард
10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири кишоварзӣ Қосимҷон Қосимов ва дигарон ҳамроҳӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1947