номаҳо
"Чаро бозорҳои Истаравшан тобеи шаҳр нестанд", дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 4 апрели соли 2009 зери ҳамин сарлавҳа мақолае чоп шуда буд
Ҷиҳати санҷиши иддаои мақола аз тарафи Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси раёсат С. Ғозибеков, сардори шӯъбаи бозорҳо А. Шодиев ва ҳуқуқшиноси Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят М. Ҷавҳаров таъсис дода шуд ва онҳо бо муаллифи мақола мулоқот доир намуда, онро дар ҷояш санҷиданд. Пас аз санҷиш, гурӯҳи корӣ ба хулоса омад, ки иддаои муаллиф асос надорад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Давлат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кооператсияи матлубот ва аъзои он кафолат медиҳад.
Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофу таҳкими мустақилияти иқтисодии ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, афзоиши самаранокии фаъолият мусоидат намуда, ба ҳеҷ як маҳдудкунии фаъолияти хоҷагӣ ва ташаббуси кооператсияи матлубот, маҳдудкунии амали озод ва баробарҳуқуқии он дар бозори молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ роҳ намедиҳанд. Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволи кооператсияи матлуботро кафолат медиҳад. Моликияти он дахлнопазир аст».
Вобаста ба ин бозорҳои шаҳри Истаравшан ташкилотҳои мустақили ҳисоби хоҷагӣ буда, тобеи Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд мебошанд ва тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ҳиссагузор буда, корҳои сохтмониву ободониро амалӣ менамоянд.
Сироҷиддин ВАЛИЕВ,
раиси Раёсати Иттифоқи
Тоҷикматлубот
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3460