мулоқотҳо
Португалия ба сармоягузории
иқтисодиёти Тоҷикистон омода аст
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравинюро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла норасоии оби тоза дар бисёр минтақаҳои сайёра, истифодаи сариштакорона ва босамари захираҳои обию энергетикӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Португалия баррасӣ шуданд.
Таҷрибаи Португалия дар ҳаллу фасли баҳсҳои обӣ бо ҳамсоягонаш баҳри дарёфти роҳҳои барои ҳама мақбули истифода аз захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муфид арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар замони татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2005-2015 эълон гаштааст, бояд масоили Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба дастрасӣ ба оби тоза ҳалли худро ёбанд.
Зимни баррасии масоили ҳамкории дуҷониба Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравиню омодагии кишварашро баҳри бо Тоҷикистон ба имзо расондани созишнома оид ба бекор кардани андозбандии дукарата таъкид намуд, ки ба ташвиқи соҳибкорони Португалия ба сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон равона хоҳад шуд. ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки Португалия омода аст, дар сармоягузории лоиҳаҳои судманди Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнергетика ва истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда иштирок намояд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба як қатор масоили дигари вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1809