мулоқотҳо
На танҳо Роғун, бояд дигар нерӯгоҳҳо низ сохта шаванд
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё Таир Мансуровро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, ҳамгироӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳо дар муқобили таҳдиду хатарҳо ва мушкилоти глобалӣ, аз қабили бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ баррасӣ гаштанд.
Таир Мансуров аз ҷумла изҳор дошт, ки ба наздикӣ аз ҳисоби Фонди зиддибӯҳрони Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ба Тоҷикистон барои дастгирии буҷети давлатӣ 90 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад. ӯ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки 20 нафар аз кӯдакони рассоми Тоҷикистон, ки ғолиби озмунҳои байналмилалӣ дар мавзӯи истифодаи сариштакоронаи об гаштаанд, бо мукофотҳои пулии Шӯрои соҳибкории Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё сарфароз гардонда мешаванд. Маблағи ҳар як мукофот ба 2200 сомонӣ баробар аст.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба омодагӣ ба ҳамоиши ояндаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мегардад, сурат гирифт.
Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё Эмомалӣ Раҳмонро «яке аз асосгузорони ин созмон» номида, ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат дар ин созмон баҳои баланд дод. Дар робита ба татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ӯ изҳор дошт, ки «на танҳо нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда ва Роғун, балки дигар нерӯгоҳҳо низ бояд сохта шаванд, чунки барои Тоҷикистону Қирғизистон ин роҳи асосии тараққиёт аст ва таъкид дошт, ки сохтмони ин гуна иншоот бояд бо назардошти манфиатҳои кишварҳои поёноб сурат бигирад». Ба гуфти ӯ «нерӯи барқ на танҳо барои эҳтиёҷоти дохилӣ, балки барои содирот низ бояд истеҳсол шавад ва кишваре, ки нерӯи барқ содир мекунад, кишвари босубот рушдкунанда ба шумор меравад».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2004