суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти СҲШ, шаҳри Тошканд, 11 июни соли 2010
Роҳбарони мӯҳтарами давлатҳо,
Дӯстони азиз,
Пеш аз ҳама ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Абдуғаниевич Каримови мӯҳтарам барои муҳайё намудани шароити хеле хуб ва ташкили машварати мо изҳори ташаккур менамоям. Тоҷикистон чунин мешуморад, ки таҳти роҳбарии Ӯзбекистон дар давраи сипаришуда барои густариши фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай баландтар бардоштани обрӯю эътибор ва нақши он дар минтақа ва ҷаҳон корҳои зиёде ба сомон расонида, силсилаи тадбирҳои муҳим амалӣ гардонида шуданд.
Вазифаи асосии СҲШ мисли пештара ҳалли масъалаҳои таъмини амният ва суботи минтақа мебошад. То имрӯз дар ин самт бисёр корҳо иҷро шудаанд. Аз ҷумла, мулоқотҳои вазирони мудофиа, котибони шӯроҳои амният муттасил гузаронида мешаванд, масъалаҳои мубрами мубориза алайҳи хатарҳои нав дар маҷлисҳои Шӯрои Воҳиди минтақавии зиддитеррористӣ баррасӣ мегарданд. Тоҷикистон дар ин бобат кӯшишҳоеро дастгирӣ менамояд, ки ба тавсеаи равобити корӣ бо созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, СААД ва ғайра равона карда шудаанд. Мо ба роҳ андохтани ҳамкориро бо Созмони конфронси исломӣ муҳим мешуморем. Бо назардошти равобити ҳамаҷонибаи баъзе давлатҳои аъзои СҲШ бо Созмони конфронси исломӣ, истифодаи ин имконияти мусоид ва ба роҳ андохтани равобити мустақим бо ин созмони мӯътабар амри муфид ва саривақтӣ мебошад. Мо аз ҷониби худ ба ин иқдом ҳамаҷониба мусоидат хоҳем кард.
Ба ақидаи мо, имзои Эъломияи муштараки ҳамкории Котиботи СҲШ ва СММ воқеаи муҳим мебошад, ки дар роҳи тавсеаи ҳамкории ҳар ду созмони мӯътабар иқдоми мантиқӣ гардид. Мусаллам аст, ки ин барои вусъат бахшидани ҳамкорию шарокати ҳар ду созмон дар бобати рушди устувори иқтисодӣ, пешгирии муноқишаҳо ва мубориза ба муқобили се зуҳуроти бади замони ҳозира имкониятҳои нав муҳайё хоҳад кард.
Ҳамкории СҲШ ва СММ дар ҳалли проблемаҳои Афғонистон аз ҳар ҷиҳат қобили қайд мебошад. Ин масъалаҳоро ғайр аз роҳҳои маълум, инчунин ба воситаи ҳамкории фаврию таъҷилии мақомоти зидди маводи нашъадор ва ҷузъу томҳои марзбон бо Қувваҳои байналмилалии мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон ҳал кардан мумкин аст. Дар ин масъала фаъолияти СҲШ – ро боз ҳам бештар такмил додан зарур аст. Масалан, мо дар ин масъала бо сохторҳои дахлдори Афғонистон, аз ҷумла, дар қаламрави ин мамлакат ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунем. Инчунин фаъолияти гурӯҳи тамоси СҲШ – Афғонистонро бештар густариш додан зарур аст, ки вақтҳои охир амалан қатъ гардидааст. Мо бояд барои амалӣ сохтани ҳуҷҷатҳои хотимавии конфронси соли гузашта дар Маскав бахшида ба Афғонистон баргузоргардида тадбирҳо андешида, байни Воҳиди минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва сохторҳои дахлдори Афғонистон ҳамкории доманадорро муқаррар намоем. Ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон додани мақоми ҳамкор ва шарики СҲШ ба ҳамкории бештару самарабахштар ва афзунтар сохтани фаъолияти созмон дар самти Афғонистон мусоидат менамояд.
Ҳамаи моро воқеаҳои рӯзҳои охири Қирғизистон ба ташвиши ҷиддӣ андохтаанд. Воқеаҳои ин мамлакат бори дигар аҳамияти калони муқаррар намудани воситаҳои вокуниши СҲШ – ро талаб менамоянд. Имрӯз ҳаминаш мусаллам аст, ки мо бояд ба Қирғизистон барои ҳар чи зудтар барқарор намудани қонуният ва бартараф сохтани муноқиша кӯмаки зарурӣ расонем.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини СҲШ муҳайё сохтани шароити мусоид ба ҳамкории аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахши давлатҳои аъзои созмон ва дар ин замина тақвият бахшидани имкониятҳои иқтисодии ҳар мамлакат, хусусан мамлакатҳое мебошад, ки иқтисодиёти онҳо бо сабабҳои воқеӣ ҳанӯз тараққӣ накардааст. Рушди мутавозин ва баробар кардани суръати пешрафти иқтисодии ҳамаи мамлакатҳои аъзои созмон ба манфиатҳои умумии мо мувофиқат мекунад. Дар ин самт бисёр корҳо ба сомон расонида шудаанд, вале ҳанӯз корҳои зиёдеро иҷро кардан лозим меояд. Масалан, дар Тоҷикистон бо кӯмаки ҳукуматҳои Русия ва Чин барномаҳои калони дорои аҳамияти минтақавӣ амалӣ карда шуданд, ки асосҳои иқтисодии давлатро мустаҳкам намуданд. Мамлакати мо бо Русия ва Эрон дар соҳаи энергетика самарабахш ҳамкорӣ мекунад. Вале бояд гуфт, ки камбуди қувваи барқ дар шароити бӯҳрон ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳаёти мардум таъсири манфӣ мерасонад.
Пешрафти иқтисодии Тоҷикистон, мисли мамлакатҳои дигар бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба таври ҷиддӣ суст гардид. Фаъолияти соҳаҳои бонку молия бо проблемаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Ба ин фалокатҳои табииро илова кардан зарур аст, ки ба иқтисодиёти мамлакат зарари калон расонида, сабаби ҳалокати теъдоди зиёди одамон гардида, вазъияти гуманитариро дар минтақаи фалокатҳо муташанниҷ гардониданд. Сари вақт бартараф сохтани оқибати ин фалокатҳо аз бисёр ҷиҳат ба ҳамлу нақли муттасили мол ба воситаи роҳҳои байналмилалии роҳи оҳан ва мошингард вобаста мебошад. Ин боз ҳам бештар такмил додани фаъолияти СҲШ – ро дар масъалаҳои кори мӯътадили роҳҳои нақлиётӣ тақозо мекунад.
Ҳамкасбони мӯҳтарам,
Дӯстони азиз,
Мусаллам аст, ки СҲШ дар назди таҳдидҳои нав ба роҳу усулҳои муассир эҳтиёҷ дорад. Онҳо ба созмон имконият медиҳанд, ки дар соҳаҳои молиявию иқтисодии дорои хусусияти ҷаҳонию минтақавӣ, бартараф сохтани мубоҳисаҳои иқтисодӣ ва муноқишаҳо ба таври одилона мусоидат кунад. Ҳадафи ин иқдом нигоҳ доштан ва ғанӣ гардонидани «рӯҳияи Шанхай», густариш додани фаъолияти созмон дар ин самти муҳим мебошад. Тезонидани суръати ташкили Фонди рушди СҲШ ба манфиати ҳамагон аст. Бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ равшан нишон дод, ки мустақилона ё танҳо ба воситаи ҳамкории дуҷониба бартараф сохтани таъсири манфии бӯҳрон ниҳоят душвор мебошад.
Дар робита, ба ақидаи мо, ояндаи наздик бояд ҷидду ҷаҳди якҷояи мамлакатҳои аъзои созмон ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва такмил додани шабакаҳои нақлиётӣ, муҳайё сохтани шароити мусоиду устувор барои ривоҷ додани тиҷорат ва сармоягузории мутақобила равона карда шавад. Инчунин ҳаминаш муҳим аст, ки иҷрои тадбирҳо барои таъмини шароит бо мақсади ривоҷ додани ҳамлу нақли мол ба воситаи роҳҳои байналмилалии мошингард давом дода шавад.
Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ диққати махсусро талаб менамояд. Мо ба Ҳукумати Чин барои изҳори омодагиаш ба расонидани кӯмак дар сохтмони марказҳои намунавии технологияҳои кишоварзӣ, зиёд кардани истеҳсоли ғалла, омодасозӣ ва таълими кадрҳо ва мусоидат ба муқаррар намудани равобити мустақими корхонаю хоҷагиҳои кишоварзӣ ва мутахассисони ҳар ду мамлакат сипосгузорем. Мо дар ин масъала ҳаминро ба назар мегирем, ки ин дар роҳи ҳамкории зичи минтақавӣ дар соҳаи кишоварзӣ қадами аввалин мебошад.
Инчунин муносибати хайрхоҳонаю оқилона дар минтақа ба проблемаҳои истифодаи оқилона ва муштараки захираҳои об зарур аст. Тоҷикистон ба баррасии ин масъала ҳамеша тайёр мебошад. Дар ин бобат конфронси байналмилалии бахшида ба об, ки таҳти васояти СММ рӯзҳои 8 – 10 июни соли равон дар Душанбе баргузор гардид, мисоли равшан мебошад. Пешниҳод мешавад, ки дар доираи СҲШ низ бахшида ба проблемаҳои об, мулоқот ташкил шавад, дар заминаи он мавқеи умумии мо дар бобати проблемаҳои оби минтақа муқаррар карда хоҳад шуд.
Бӯҳрони ҷаҳонӣ соҳаҳои фаъолияти СҲШ ва ҳамкории давлатҳои аъзои онро то андозае тағйир дод. Бӯҳрон проблемаҳоеро ба миён гузошт, ки дар гузашта ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намешуд. Бартараф сохтани проблемаҳои нав суботи фаъолияти созмонро нишон хоҳад дод. Ҳамзамон, бӯҳрон нишон дод, ки бо вуҷуди баъзан мувофиқат накардани муносибатҳо ҳамкории давлатҳои аъзои созмон заиф нагашта, балки баръакс мустаҳкам гардид ва имкониятҳои ҳамкории онҳо бештар афзуд.
Бӯҳрон ҳамчунин зарурати таҳияи барномаи стратегии рушди СҲШ – ро камаш то соли 2020 исбот намуд. Ба ақидаи мо барномаи мазкурро то мулоқоти ҷашнии сарони давлатҳои аъзои он дар соли оянда таҳия ва қабул кардан зарур аст. Барномаи стратегӣ нуктаҳои мувофиқа ва асосноккардашударо дар бар гирифта метавонад, ки ба масъалаҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақа ва ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва умуман ҳамоҳанг сохтани манфиатҳои миллии давлатҳои аъзои созмон дахл дошта бошанд. Дар ин маврид вазифаҳои нави созмон бояд ба то ҳадди имкон коҳиш додани таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳонию минтақавӣ ба СҲШ умуман ва давлатҳои аъзои он хусусан равона карда шаванд. Иҷрои ин вазифаҳо бояд нақшу аҳамияти созмонро дар арсаи ҷаҳон бештар сохта, нуфузи онро дар ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти умумибашарӣ пурзӯр гардонад.
Боварӣ дорам, ки мулоқоти Тошканд дар роҳи афзун гардонидани нерӯ ва имкониятҳои созмон марҳалаи муҳим хоҳад гашт.
Ман Нурсултон Абишевич Назарбоевро ба муносибати Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ интихоб гардиданаш табрик намуда, ба ӯ барои мустаҳкам кардан ва густариш додани фаъолияти созмон муваффақиятҳо орзу менамоям.
Ташаккур ба диққататон.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3000