сафарҳо
Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалҳои аз офати табиат зарардидаи вилояти Хатлон сафар кард
Субҳи 13 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар кард.
Ҳадафи асосии сафар шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рӯзгори мардум пас аз харобкориҳои офати табиат, рафти бартарафсозии оқибати он, пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат доир ба бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида, инчунин таҳлилу баррасии ҳолати корҳо дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон аст.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод оғоз ёфт. Дар ин ҷо Сарвари давлат бо аҳолии аз боронҳои сел зарардида сӯҳбат намуда, бо рафти бартарафсозии оқибати офати табиат аз наздик шинос шуд.
Чунонки маълум гашт, дар натиҷаи омадани селоби шадиди шаби 6 – ум ба 7 – уми майи соли равон дар ин ҷо хонаҳои 13 оила пурра хароб шуда, манзилҳои зиёди дигар қисман зарар диданд.
Аз оилаи Бозоровҳо, ки аз 7 нафар иборат буд, падару модар бо 2 писару як духтараш тӯъмаи селоб шудаанд. Аз 5 кас ҷасади танҳо як нафар ёфт шудааст. Тибқи баъзе маълумоти тасдиқнашуда ҷасади 3 нафари дигар дар соҳили чапи дарёи Панҷ, дар ҳудуди Афғонистон ёфт шудааст ва барои санҷиши ин маълумот ва баргардондани ҷасадҳо чораҳо андешида мешаванд. Аз нафарони дар он хона қарордошта, танҳо Самандари 17 – сола аз селоб наҷот ёфтааст. Бародараш – Бахтёр, ки дар шаҳри Маскав будааст, баъди се рӯз омадааст. Аз 13 хонае, ки ба таври хайрия сохта мешаванд, якеаш аз ин ду бародарон аст.
Баъди сӯҳбат бо онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳияи Шӯрообод дастур дод, ки писари калонӣ – Бахтиёрро хонадор карда, дар ҳамин наздикӣ соҳиби ҷойи кор кунанд. Самандар, ки орзуи хонда, афсари ҳарбӣ шудан дорад, бо Квотаи президентӣ ба факултаи ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қабул хоҳад шуд.
Мардуми деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод аз ташрифи имрӯза ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хушҳолу сарфароз гашта, ба ӯ арзи сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар маҳаллаи нави барои зарардидагон ҷудошуда, сохтмони 13 хонаи нав бо суръат ва сифати баланд идома дорад. Дар ҳамин мавзеъ ҷо ба ҷо кардани 480 оила вуҷуд доштааст. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи оилаҳои ин ноҳия, ки дар мавзеъҳои хавфнок зиндагӣ мекунанд, тадриҷан ба ҳамин ҷо кӯчонда шаванд ва маҳаллаи нав бо тамоми шароити муосири зиндагӣ, аз ҷумла оби нӯшокию зироаткорӣ, барқ, мактабу бунгоҳи тиббӣ ва ғайра таъмин карда шавад.
Дастур дода шуд, ки сохтмони хонаҳои нави ин маҳалла дар муддати 2 моҳ анҷом дода шуда, бо тамоми асбобу ашёи рӯзгор ба 13 оилаи бехонамонда тақдим карда шаванд.
13 июн аз ноҳияи Шӯрообод Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Тутуи ноҳияи Мӯъминобод, ки аҳолиаш ҳамчунин аз офати табиат зарари ҷиддӣ дидаанд, ташриф овард.
Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони хонаҳои нав дар деҳаи Ҷарпечи ҷамоат ва сӯҳбат бо аҳолии зарардидаю масъулони бартарафсозии оқибати офатҳои табиат, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ноҳия барои 10 оилаи пурра бехонамонда, манзилҳои нав сохта, бо тамоми ашёи рӯзгор онҳоро таъмин мекунанд ва ба наздики ба 250 оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода мешавад. 39 оила, ки хонаҳояшон қисман хароб шудаанд, ба таври ройгон бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин мешавад. Ба тамоми оилаҳои зарардида кӯмаки яквақтаи пулӣ низ расонда шудааст. Ҳамаи аҳолии зарардида ва бинокорон бо хӯроки гарм ва шароити хуби кор ва буду бош таъмин гаштаанд.
Қувваи бештари корӣ аз аҳолии маҳаллӣ аст. Қисмате аз онҳо, сарфи назар аз он, ки дар сохтмони хонаҳои худ иштирок мекунанд, аз муассисаҳои сохтмонӣ маош ҳам мегиранд.
Дар маҳаллаи нав барои 320 нафар хонанда мактаби нав ва як бунгоҳи тиббӣ низ сохта мешаванд. Масъулони дахлдор дастур гирифтанд, ки хатмкунандаи мактаби ҳамин деҳа Оишаи Раҷабалиро, ки дониши хуб ва лаёқати баланди илмомӯзӣ доштааст, аз ҳисоби Квотаи президентӣ ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб қабул намоянд. Ин факултаро худи ӯ интихоб намудааст.
Духтараки 21 – солаи деҳа Шукрона Иқболова, ки бемор ва маъюби гурӯҳи якум аст, аз ҳисоби маоши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳиби тӯҳфаҳои қиматнок, аз қабили сарулибос, магнитофон, телевизор ва дигар ашёи рӯзгор хоҳад шуд.
13 июн аз ноҳияи Мӯъминобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб омада, дар 5 маҳаллаи нави аҳолинишин бо рафти сохтмони 600 хонаи истиқоматӣ, ки барои мардуми дар натиҷаи офати табиат бехонамонда сохта мешаванд, аз наздик шинос шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тамоми бинокоронро, ки аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои гуногуни ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва ширкатҳои соҳибкорони хусусӣ ба ин ҷо сафарбар шудаанд, ба кори софдилона ва хушсифат ҳидоят намуд. Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон «ин беҳтарин хайру садақоти саховатмандон хоҳад буд, зеро оилаҳое, ки баъди он мусибати гӯшношунид дар ин ҷо соҳиби хона мешаванд, то рӯзе ҳастанд ба онҳо дуои хайр мекунанд». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки то 25 августи соли равон ҳамаи хонаҳо бо тамоми ашёву асбоби рӯзгор барои ба зарардидагон тақдим намудан омода карда шаванд.
Якчанд хона, ки сохтмонашон аллакай ба поён расидааст, худи ҳамин рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибонашон тақдим карда шуд. Дутои ин хонаҳо аз ҷониби ноҳияи Ҳисор ва яктоаш бо қувваи бинокорони вилояти Суғд бунёд ёфтааст. Аз ҷониби вилояти Суғд умуман бояд 40 хона сохта шавад ва сохтмони 130 хонаро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ӯҳда гирифтааст. Боқӣ хонаҳо аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои гуногуни ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва ширкатҳои соҳибкорони хусусӣ бунёд меёбанд.
Дар сохтмони ин хонаҳо зиёда аз 3 ҳазор бинокор иштирок дорад, ки аз ним зиёди онҳо аз худи шаҳри Кӯлоб мебошанд. Қисмати зиёди онҳо дар ин ҷо хонаҳоро барои худ созанд ҳам, барои ин ҳамчунин маош мегиранд, ки дар ҳолати имрӯза барои онон кӯмаки хуб аст.
Дар қитъаи дуюми маҳаллаи нав миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мӯйсафеди нобинои 89 – сола Башар Ғуломов, ки ба кӯмаку дастгирӣ ниёз дорад, сӯҳбати басо ҷолибу дилнишин сурат гирифт. Ин сӯҳбати ширин бо он анҷом ёфт, ки ӯ низ дар қатори аҳолии аз офати табиӣ зарардида бо лутфу меҳрубонии Сарвари давлат соҳиби хонаи нав хоҳад шуд.
Дар ҳамин мавзеъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асоси як мактаби нави замонавиро, ки барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, гузошта таъкид намуд, ки он то моҳи сентябри соли оянда, яъне то 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо беҳтарин шароити таълиму тарбия сохта, ба истифода дода мешавад.
Зимни боздиди имрӯзаи Сарвари давлат маълум шуд, ки баҳри бартараф намудани оқибати офатҳои табиат корҳои зиёд ба сомон расидаанд. Бо вуҷуди ин, ба гуфти Президенти мамлакат, «тадбирҳои анҷомёфта ҳанӯз қонеъкунанда нестанд».
Аз ин хотир Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди масъулон баҳри боз ҳам беҳтар кардани сифати корҳои сохтмонӣ, бартарафсозии оқибатҳои офати табиат, ғамхорӣ ба аҳолии зарардида ва анҷом додани дигар корҳои зарурӣ як қатор дастуру ҳидоятҳои иловагӣ дод.
Хотиррасон бояд намуд, ки обхезии аз ҳама калон дар шаҳри Кӯлоб шаби 6 – ум ба 7 – уми майи соли равон дар натиҷаи борони шадиди тӯлонӣ ва омадани сел рух дода буд, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти калони моддӣ шуда, ҳазорон нафар сокинонро бе сарпаноҳ монда буд. Ҳамчунин месазад ёдовар шуд, ки 7 май Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври таъҷилӣ ба ин ҷо сафар карда, бо аҳволи мардум аз наздик шинос шуда, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибати офати табиат қувваи зиёд аз сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва техникаю механизмҳои сершуморро сафарбар карда буд. Ин аст, ки имрӯз кор дар ҳама ҷо муташаккилона ва бо суръату сифати баланд ба роҳ монда шудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2190