logo

мулоқотҳо

Сардори давлат ҷиҳати рафъи норасоиҳо супоришҳои мушаххас дод

Рӯзҳои 13 ва 14 июн Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қарор дошт.

Ҳадафи асосии сафар шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рӯзгори мардум пас аз харобкориҳои офати табиат, рафти бартарафсозии оқибати он, пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат доир ба бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида, инчунин таҳлилу баррасии ҳолати корҳо дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон буд.
Сафари  кории  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод оғоз ёфт. (Ниг. «Ҷумҳурият», 15 июн, № 74-75 (21735-736).
Нимаи дуюми рӯзи якшанбе, 13 июн, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Кӯчабоғи Ҷамоати деҳоти Пахтакор бо рафти сохтмони хонаҳои нав ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиат аз наздик шинос шуд.
Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки дар ин ноҳия ба 42 оилаи бесарпаноҳмонда хонаҳои нав сохта, бо ҳамаи асбобу ашёи рӯзгор тақдим карда мешаванд, 83 оилаи дигар, ки хонаҳояшон қисман зарар дидаанд, бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин мешавад ва барои ба ҷойҳои бехавф кӯчондани аҳолии дар мавзеъҳои осебпазир истиқоматдошта 85 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст.
Мардум аз ташрифи      навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки рафти бартарафсозии оқибати офатҳои табиатро таҳти назорати бевосита ва доимии худ қарор додааст, хушҳолу сарфароз гашта, ба ӯ барои ғамхориҳои пайваста арзи сипос намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар паҳлӯҳои дарёи Ёхсу шинос шуда, баҳри бо сифати баланд анҷом додани корҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҳамин ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Салом, ки 175 гектар замини кишт доштааст, ташриф оварда, нашъунамои ниҳолҳои пахтаро аз назар гузаронд ва бо деҳқонон аз наздик сӯҳбат намуд. Чунонки зикр гардид, аъзои хоҷагӣ бо маоши хуб ва маҳсулоти кишоварзӣ пайваста таъмин шуда, бо ҳавасмандии зиёд ба кори деҳқонӣ машғуланд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбатҳо бо мардум ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои ғамхории доимӣ зоҳир кардан ба мардум супоришҳои мушаххас дод.
Субҳи 14 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар 5 моҳи соли равон ва масоили вобаста ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаи таҳлилӣ суханронӣ намуда, камбудиҳои ҷиддии мавҷударо ошкор кард ва баҳри ислоҳ намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки баҳри беҳ намудани шароити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ чораҳои муассир андешида шаванд ва ҳаҷми умумии қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорони деҳот афзун карда шавад. Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ иҷро шуда бошад ҳам, сифати баланду ҳадафманди ҷамъоварии маблағҳо таъмин нагардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз бекор мондани 18 600 гектар замини корам, ки 16 500 гектараш замини обӣ мебошад, изҳори нигаронӣ карда, баҳри босамар истифода бурдани ин заминҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, пешгирӣ аз тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони хонаҳо, ба мавзеъҳои бехавфи барои сохтмони маҳаллаҳои нави зист ҷудошуда кӯчондани аҳолии дар ҷойҳои хатарнок зиндагикунанда ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ дар деҳоти нав ба масъулон супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки маҳаллаҳои нав бояд тибқи нақшаи таҳиягашта бо мактабу бунгоҳи тиббӣ ва хатҳои обу барқрасонӣ бунёд ёфта, хонаҳо низ бо сифати баланд ва аз рӯйи лоиҳа сохта шаванд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки маҳаллаҳои нав на дар заминҳои корами ҳосилхез, балки бояд дар заминҳои лалмӣ, партов ва ба ҳадафҳои кишоварзӣ номутобиқ бунёд ёбанд. «Барои бунёди боғҳои нав низ бояд аз заминҳои барои зироаткорӣ номувофиқ ва дур аз маҳалҳои аҳолинишин истифода шаванд», таъкид дошт Сарвари давлат. Супориш дода  шуд, ки солҳои оянда майдони кишти пахтаи маҳиннах зиёд карда шавад, «зеро, - ба гуфти Президенти мамлакат, -  талабот ба ин навъи пахта дар бозори ҷаҳонӣ зиёд ва нархаш баланд аст».
Супоришҳои мушаххас оид ба ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалладона, сабзавот, хӯроки чорво ва барои ду соли оянда захира намудани онҳо ва  ҳамчунин пурзӯр намудани мубориза бо ҳашароти зараррасон, пеш аз ҳама малах, дода шуд.
Аз рафти иҷрои супориши Сарвари давлат оид ба дастаҷамъона ва аз ҷониби саховатмандон ба таври хайрия ташкил намудани хатнасури писарчаҳои ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат изҳори қаноатмандӣ карда шуд, зеро тибқи маълумоти расида дар 5 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ бо ҳамин роҳ зиёда аз 5 ҳазор писарча хатна шуд ва бо ин кор пеши роҳи  сарфу хароҷоти зиёд ва забҳи чорвои бисёр гирифта шуд.
Дар маҷлиси машваратӣ ҳамчунин ахбори муовини сарвазири мамлакат, Раиси комиссияи ҳукуматӣ ва сардори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибати офатҳои табиат Муродалӣ Алимардон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал ва раиси  вилояти Суғд Қоҳир Расулзода шунида шуд.
Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба поён расид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1991
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед