сафарҳо
Сафари кории
Эмомалӣ Раҳмон ба
Синсзян- Уйғури Чин
17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи мухтори Синсзян - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, раиси Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1943