номаҳо
БА САРВАРИ ДАВЛАТ ИЗҲОРИ СИПОС МЕНАМОЕМ
Даҳшати 11 апрели соли равон ҳеҷ аз хотирамон нарафтааст. Бар асари он манзиламонро пурра аз даст додем. Аз рӯзҳои аввал моро бо хаймаҳо, ғизоҳои хуб таъмин намуданд. Масъулон барои ба маҷрои аслӣ даровардани об, барқарор кардани баъзе аз харобаҳо саъй намуданд.
Бароямон дар шафати деҳаи Нонҷемас замин ҷудо намуданду ба таври ройгон хонаҳои истиқоматӣ сохта истодаанд. Бо ҷиҳози зарурии рӯзгор низ таъмин мегардем.
Мо ба ғамхории падаронаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар чунин рӯзҳои душвори зиндагӣ изҳори сипос менамоем. Инчунин пайваста дуо мекунем, ки ба бахти миллати мо Сарвари давлат ҳамеша тандуруст бошанду комёб.
Маҳмад ШАРИФОВ,
сокини деҳаи Кӯчабоғи ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3301