номаҳо
Агар шакли электронии рӯзномаҳо истифода шаванд ...
Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ рафтам. Бастаи чанд рӯзномаи ҷумҳуриявӣ лозим буд. Дар бораи мавзӯе маълумот гирифтан мехостам. Аммо натавонистам. Оре, чун дидам, ки хонандагон чандин мақолаҳои рӯзномаҳоро даронидаанд. Албатта, барои китобдорон низ назорати ҳар шумораи рӯзнома пас аз истифодаи хонандагон кори осон нест.
Дуруст аст, ки мебояд мо маърифати хонандагонро баланд бардорем, то чунин ҳодисаҳои ногувор рух надиҳанд. Аммо фикр мекунам, ки ба ҷуз ин, истифодаи матолиби рӯзномаҳо дар шакли электронӣ ба манфиати кор аст. Ба роҳ мондани ин кор дар ин шабу рӯз, ки идораи рӯзномаҳо шакли электронии чандсолаи онро доранд, душворие эҷод намесозад. Танҳо ҳамкории дуҷониба байни китобхона ва рӯзномаҳо бояд хуб ба роҳ монда шавад.
Н. АМИНОВ,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3266