номаҳо
МАН БА ШУНАВОНИДАНИ АМРИ МАЪРУФ ЗИД НЕСТАМ, АММО...
Ба табрики дӯстам, ки соҳиби дастоварди бузург шуда буд, мерафтам. Дастагули зебое дар даст доштам. Бо табъи хушу болида ба маршруткае нишастам. Ба чашмам чунин намуд, ки ҳама андӯҳгинанду норозӣ. Дар тааҷҷуб афтодам, ки дар оғози рӯз чаро мардум болидарӯҳ нест? Сабаби инро дарёфтам, вақте ки ман ҳам ноилоҷ гӯш ба амри маъруф додам. Садои воизе аз фиттаи ронанда мерасид, ки ҳамаро гунаҳгор менамуду аз оташи ҳавлноки дӯзах метарсонид. ӯ аз морҳои ҳафтсараву каждумҳои бузурги заҳрнок мегуфт. Хуллас, даҳшат маро низ фаро гирифт. Аз ронанда хоҳиш кардам, ки ин фиттаро ҳамин ҳолӣ нашунавонад. Гуфтам, ки хуб нест, ки рӯзи кории мо чунин оғоз биёбад. Посух дод, ки агар намехоҳам, бифароям. Баъд як сомониямро бозпас гардонид. Пас аз ин фаҳмидам, ки чаро дигарон аз оғоз, бо он ки норозиянд, хомӯширо пеша намудаанд.
Албатта, ман ба шунавонидани амри маъруф зид нестам, аммо фикр мекунам, ки он ҷой ва замони худро дорад. Ва шарт нест, ки амри маъруф, хусусан амри маъруфи ҳар нафаре, ки худро ходими дин меномад, аммо чаласавод аст, дар нақлиёти ҷамъиятӣ шунавонида шавад. Бояд чораи инро БДА-и шаҳри Душанбе бубинад.
Ҷ. ВАФОЕВ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3371