номаҳо
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ масъулияти хидмат ба мусофиронро гум кардаанд
Ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ таи чанд сол аст, ки арзиши чиптаи тайёраҳоро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва баъзан бештар аз он муқаррар месозанд. Вале хидматрасонӣ ба мусофирон на ҳамеша дар сатҳи талаботи ҷаҳонӣ сурат мегирад.
Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд борҳо ҳолатҳоеро дучор гардидем, ки мусофирон вақти парвозро баъди мӯҳлати муайяншуда соатҳои зиёд интизорӣ мекашанд. Ва ё баъди фурӯши пешакии чиптаҳо парвози ин ё он хатсайр бидуни огоҳии пешакӣ қатъ гардонида мешавад.
Мо, як гурӯҳ омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд, барои ширкат дар конфронси илмиву амалӣ ба шаҳри Душанбе азми сафар доштем. Бинобар ин барои парвоз дар санаи 13 майи соли ҷорӣ бо хатсайри 66-и Хуҷанд-Душанбеи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» ҳафтае пеш чипта харидем. Вале он рӯз бо сабабҳои номаълум парвози ин ҳавопаймо қатъ гардонида шуд. Баъди интизории тӯлонӣ мо тавассути хатсайри дигар нимаи шаб ба Душанбе расидем. Чаро масъулони ин ҳавопаймоҳо ва ё кормандони аэрокассаи марказии шаҳри Хуҷанд аз қатъ шудани хати парвоз мусофиронро пешакӣ огоҳ намесозанд, то онҳо соатҳои зиёди вақташонро барабас надиҳанд? Куҷост масъулияту вазифашиносӣ нисбати хидмат ба мусофирон, ки барои парвоз аз Хуҷанд то Душанбе ҳудуди 80 доллар маблағ мепардозанд?
Фарухи РАҲИМЗОД,
шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3306