номаҳо
ТАҲАММУЛИ ДУДИ СИГОР. ЧАРО?
Дар шаҳри Кӯлоб ба мошини сабукраве нишастам. Беш аз як соат интизор шудам, то ронанда боз се мусофири дигар пайдо намуд. Шукр кардам, ки дертар ҳам бошад, ба роҳ баромадем. Вале пас аз бист дақиқа дарёфтам, ки он ранҷи интизорӣ дар назди оғози азобҳои навбатӣ ҳеҷ будааст. Мусофирон аввал ба кашидани сигор оғоз намуданд. Маҷбур шудам, ки тирезаро бикушоям, ҳарчанд ба саломатиям халал ворид мекард. Ба дил барои тасаллои худ гуфтам: «Хайр, ҳеҷ гап не, панҷ-шаш дақиқа сабр намо». Аммо пас аз ним соат боз ин амал оғоз ёфт. Хоҳиш кардам, ки дар дохили мошин дигар сигор накашанд, аммо дар бало афтодам. Таҳқирам карданд, гуфтанд, ки нахоҳам, фароям. Раъяшон ҷиддӣ буд. Ба ронанда пешниҳод намуданд, ки розианд ба ҷойи як мусофир онҳо пул диҳанду маро фароранд. Дар миёни роҳ фаромаданам ба нафъи ман набуд, чун нақлиёт пайдо карда наметавонистам. То маркази ноҳияи Данғара расидам. Дар ин муддат боз шароб нӯшиданд. Маҷбур шудам, ки бӯи шаробро низ таҳаммул намоям.
Дар ноҳияи Данғара беш аз ду соат интизор шудам, то ҳайати мусофирон пурра гардад. Дар роҳ шукр кардам, ки дар ин ҳайат як нафар сигор мекашад.
Ба ҳар ҳол таҳаммули он то расидан ба шаҳри Душанбе осонтар буд.
Умуман, дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ ба мушоҳида мерасад, ки бархе бисёр сигор мекашанд, аммо касе бо манъи ин амал хотири онҳоро озурда кардан намехоҳад. Пас равост, ки мо ҳамеша ин ранҷро таҳаммул намоем?! Ва чаро?
Н. АБДУЛМАННОНОВ,
шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3291