мулоқотҳо
Барои қонуншикании кормандон роҳбарон низ ҷавобгар мешаванд
Субҳи 22 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони прокуратура ва милитсияро, ки ба вазифаҳои сатҳи баланд дар ин сохторҳо пешниҳод шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, хусусан дар тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва муборизаи беамон бар зидди ришваситонию коррупсия ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки вазифаҳои худро бо дасти пок ва дилу нияти нек иҷро намоянд ва манфиати давлату миллатро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ ва ҳама манофеи дигар боло гузоранд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки кори нек ва ба манфиати халқу Ватан равонагаштаи кадрҳо аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ва сохторҳои дахлдори давлатӣ қадр карда мешавад ва баръакс ҳар касе, ки ба ҷинояту қонуншиканӣ роҳ медиҳад, дар чашми аҳли ҷомеа хору залил мегардад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои ба ҷинояту қонуншиканӣ даст задани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳбарони ин сохторҳо низ ҷавобгар мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1783