суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо мардуми ноҳияи Дарвоз, 23 июни соли 2010
Падарону модарони арҷманд!
Бародарону хоҳарони азиз!
Аввалан ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии сездаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба иди умумихалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфта, оғози сулҳу суботи комил ва марҳалаи нави давлатсозиву давлатдории тоҷикон гардид, самимона табрику таҳният мегӯям.
Баъдан барои истиқболи гарму самимиатон, ки ман онро ҳамчун нишонаи ҷонибдории ҳаматарафаи шумо аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат арзёбӣ мекунам, миннатдории худро баён менамоям.
Одатан, мардуми ширинзабону хушзавқи минтақаи Дарвоз ҳама бурду бохт ва шебу фарози зиндагиро бо зиндадиливу хайрхоҳӣ, таҳаммулу шукргузорӣ ва чеҳраи кушодаву дили саршори меҳр паси сар карда, ҳамчунин дар татбиқу таҳкими сиёсати сулҳу субот, иттиҳоду ҳамраъйӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Маҳз ба шарофати чунин дастгирӣ ва аз баракати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ мо ба хотири ободии ҳар як гӯшаву канори сарзамини аҷдодии худ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва беҳбудии рӯзгори халқи хеш сиёсати созандагиву бунёдкориро пеш гирифта, дар доираи он тамоми масъалаҳои соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиётро пайваста ва тадриҷан ҳаллу фасл карда истодаем.
Мо дар марҳалаи нави давлатдориамон сиёсати созандагиву бунёдкориро пеша карда, ба сохтмони як силсила иншооти стратегие оғоз кардем, ки онҳо пойдевори пешрафти устувори кишварамон дар асри XXI хоҳанд гардид.
Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории кишвар мо то имрӯз ба ҳаллу фасли як қатор тадбирҳои муҳимтарин, аз ҷумла эҳё ва рушди соҳаҳои энергетикаву саноат, роҳсозиву коммуникатсия, сохтмони пулу нақбҳои мошингард ноил шудем, ки шумо аз ин дастовардҳо хуб огоҳ ҳастед.
Рушди соҳаи энергетика ва роҳсозӣ яке аз омилҳои асосии иқтидори иқтисодии давлат дар шароити имрӯза мебошад. Бинобар ин мо дар тӯли сездаҳ соли сулҳу субот беш аз 150 нерӯгоҳи хурди барқӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», роҳи байналмилалии Кӯлоб - Қалъаи Хумб -Хоруғ-Кулма, Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош, даҳҳо пулҳои дохилӣ ва панҷ пули байнимарзии миёни Тоҷикистону Афғонистонро бунёд намудем.
Дар асоси тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар ноҳияи Дарвоз дар сеюним соли охир бо сарфи қариб 35 миллион сомонӣ маблағҳои давлатӣ ва сармояи хориҷӣ 65 иншооти хурду бузурги дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди сохтмон ва таъмиру таҷдид қарор гирифта, то ба имрӯз 54 адади онҳо ба истифода дода шуданд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат доир ба сохтмони иншооти ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ қариб 12 миллион сомонӣ аз худ гардида, ду мактаб, бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи минтақавӣ, қасри фарҳанг, шабакаҳои обёрии мавзеъҳои Ёгед, Кеврон, Дашти Мазор ва дигар иншоот бунёд, таъмир ва азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин дар ноҳия сохтмони як қатор иншооти маъмуриву маишӣ, таъиноти иҷтимоӣ ва кишоварзиву коммуникатсионӣ идома дорад.
Чунон ки мебинем, имрӯз ба шарофати чунин ободкорӣ симои ноҳия хеле дигаргун шуда, барои истифода аз имкониятҳои рушди минбаъдаи он шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Бо ин мақсад мо ба азхудкунии заминҳои нав ва дар ин асос дар ноҳия густариш додани бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама, ғаллаву сабзавоткорӣ ва картошкапарвариву боғдориро таъмин карда истодаем.
Дар ин муддат дар мавзеъҳои Сафедсанг 100 гектар ва Дашти Луч 80 гектар заминҳои нав аз худ карда шуда, дар 26 гектари онҳо боғи себу нок ва зардолу бунёд гардид, ки ин ҳанӯз дар муқоиса бо захираву имкониятҳои ноҳия қонеъкунанда нест.
Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки то соли 2015 дар мавзеъҳои зикршудаи ноҳия азхудкунии боз 350 гектар замини навро таъмин намояд. Зеро дар шароити кӯҳистон баробари зиёд гардидани заминҳои корам ҳам ҷойи нави корӣ ва ҳам истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд, ки ин ҳама боиси баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мегардад.
Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки тақсимоти дурусту одилонаи заминҳои азхудшуда, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб заминро таъмин карда, дар робита ба ин аз имкониятҳои Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ барои тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ, ки мутахассисони он дар ноҳия фаъолият мекунанд, васеъ истифода намояд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ноҳияи Дарвоз дар баробари кишоварзӣ барои рушди саноат низ захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади рушди саноат дар деҳот ва тавассути он зиёд намудани ҷойҳои корӣ дар асоси дастуру супоришҳои додашуда дар ноҳия корхонаи «Анори Дарвоз» бо таҷҳизоти зарурӣ ва маблағ таъмин карда шуд, вале он бо сабаби нарасидани қувваи корӣ то ҳол ба фаъолият шурӯъ накардааст.
Аз ин лиҳоз, бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба таъмини корхонаи зикршуда бо мутахассисону коргарони зарурӣ ва фаъол гардонидани он чораҷӯӣ намояд.
Ҷиҳати мавриди истифода қарор додани кони маъдани «Сариоб» бошад, корҳои омодагӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Бо мақсади таъмини пурраи эҳтиёҷоти вилояти Бадахшон мо вазифа гузошта будем, ки кони ангишти Равнов мавриди истифодаи васеъ қарор дода шавад. Дар ин замина, ҳоло дар кони мазкур корҳои иктишофию геологӣ ба анҷом расонида шудаанд ва дар соли 2009 дар он дар маҷмӯъ қариб 900 тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки ин назар ба имкониятҳо ҳанӯз нокифоя мебошад.
Барои ба таври саноатӣ ба роҳ мондани истифодаи захираҳои ин кон ва зиёд гардонидани истихроҷи ангишт масъалаи сохтмони роҳи мошингарди «Жак–Равнов» ба миён омадааст, ки Ҳукумати мамлакат ҳаллу фасли онро ба зиммаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия вогузор намудааст.
Дар масъалаи роҳу коммуникатсия, ки асоси пешрафти ҳамаи соҳаҳо мебошад, мехостам бори дигар таъкид намоям, ки дар натиҷаи бунёди роҳи мошингарди Душанбе -Кӯлоб – Қалъаи Хумб мо ҳаракати доимии нақлиётро миёни вилояти Бадахшон ва тамоми минтақаҳои кишвар таъмин кардем. Ҳамзамон бояд гуфт, ки ҷиҳати ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани он марҳалаи дуюми сохтмони роҳи Шоҳон – Зиғар низ ба анҷом расонида шуд. Бо бунёди ин роҳи мошингарди байналмилалӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани пули миёни Тоҷикистону Афғонистон, инчунин ташкил гардидани бозори наздисарҳадии Рӯзвай имрӯз дар ноҳия ҳамлу нақл ва муомилоти мол, инчунин тиҷорат вусъат ёфтааст. Дар тӯли фаъолияти бозори Рӯзвай таъминоти аҳолӣ бо ҷои кор ва молҳои истеъмолӣ хеле беҳтар шуд.
Имрӯз дар ноҳия сехҳои дӯзандагиву қаннодӣ, оҳангарӣ ва таъмири техника фаъолият доранд, ки қисми зиёди маҳсулоташонро дар бозори наздисарҳадӣ ба фурӯш мебароранд. Дар айни ҳол гардиши мол дар бозори мазкур нисбат ба соли гузашта 5 баробар афзудааст ва ин, албатта, ба беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми ноҳия низ мусоидат карда истодааст. Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки дар бораи бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷудаи бозори наздисарҳадӣ ва ободсозии минбаъдаи он чораҷӯӣ намояд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодиёт масъалаи таъмин кардани пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва хизматрасонӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз ин рӯ, мо ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, хизматрасонии тиббиву маишӣ ва дастгирии моддиву маънавии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои соҳаҳои зикршуда пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ зоҳир менамоем.
Мо мушкилоти иҷтимоии ноҳияро хуб медонем. Дар робита ба бартараф кардани онҳо, аз ҷумла таъминоти пурраи мактабҳо бо компютер, лабораторияву ташхисгоҳҳои тиббӣ бо асбобҳои муосир, муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисони зарурӣ, ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба бекорон ҷиҳати дарёфти ҷойи кор ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯӣ намоянд.
Мушкилоти мавҷудаи рӯзгори мардуми кишварамон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Дарвоз ва нақшаҳои дар самтҳои гуногун тарҳрезишуда, албатта, тадриҷан ҳалли худро меёбанд. Барои ин ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки муттаҳидиву сарҷамъӣ, ваҳдати халқи Тоҷикистон ва суботи устувори ҷомеаро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз карда, ба қадри сулҳу оромӣ ва давлати ободу мустақили худ расем, кору фаъолият ва зиндагии ҳаррӯзаи хешро дар доираи қонуният ва бо дарназардошти манфиати халқу Ватани азизамон ба роҳ монем.
Мо итминон дорем, ки кулли сокинони ватандӯсту ватанпараст, ҳар фарди худогоҳу бедордил ва бонангу номуси ноҳияи Дарвоз садоқат ва меҳру муҳаббати хешро ба Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, халқи соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва сарбаланди худ бо заҳмати созанда ва иштироки фаъол дар раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар минбаъд низ собит месозанд.
Дарвоз зодгоҳи даҳҳо ва садҳо нафар шахсони номдору шӯҳратманд, аз ҷумла Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ, Мӯъмин Қаноат, Фотима Сӯфихонова, Одил Бердиев ва дигарон мебошад, ки ҳар кадоми онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишварамон саҳми арзанда гузоштаанд. Шубҳае нест, ки наслҳои имрӯза, хусусан ҷавонони бонангу номуси Дарвоз анъанаву корномаҳои неки онҳоро идома бахшида, ба хотири ободии Ватан ва осудагии рӯзгори мардум саъю талош хоҳанд кард.
Бо ҳамин умед, бори дигар шумо ва кулли сокинони заҳматпеша ва сарбаланди ноҳияи Дарвозро ба ифтихори фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки дар бақои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши ҳалкунанда дорад, табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон бахту саодат ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.
Ҳамеша саломат бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2928