президент
Президент оиди соҳаи роҳсозӣ машварат доир кард
21 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ машварати корӣ доир намуд.
Оид ба рафти иҷрои корҳо ва истифодаи ҳадафманди маблағҳои ҷудогашта муовини аввали Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов, вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар шахсони масъул ахбор доданд.
Зимни гузоришҳо аз ҷумла зикр гардид, ки корҳои навсозӣ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чанок, ғайр аз нақби Шаҳристон анҷом ёфтаанд. Роҳи Душанбе - Рашт-Ҷиргатол - Саритош низ ғайр аз қитъаи 45 - километраи ҳудуди ноҳияи Нуробод то даромадан ба ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол асосан омода гаштааст. Ҳаракат дар қитъаи Қарамиқи роҳи Душанбе - Саритош низ, сарфи назар аз он, ки ҳоло мумфарш нашудааст, таъмин аст. Корҳо баҳри навсозии роҳи Душанбе - Данғара ва кандани нақби Чормағзак муташаккилона ба роҳ монда шудаанд. Барои сохтмону навсозии қитъаи 40 - километраи Шӯрообод - Анҷироб - Шоҳон - Зиғари роҳи Кӯлоб - Қалъаи Хумб бо 3 пули азим, ки яке аз онҳо беш аз 300 метр дарозӣ дорад, аз ҷониби Бонки исломии рушд, фонди ОПЕК ва фондҳои як қатор кишварҳои арабӣ 92,9 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо шудааст ва ба наздикӣ бо интихоби иҷрокунандагони лоиҳа корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд. Бо анҷоми сохтмону навсозии ин қитъа роҳи Кӯлоб - Қалъаи Хумб дар сатҳи ҷаҳонӣ пурра омода хоҳад шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа дастур дод, ки ҳамчунин барои дар сатҳи баланд навсозӣ кардани роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода, Душанбе - Қӯрғонтеппа - Данғара, Душанбе - Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ, Айнӣ - Панҷакент ва Хуҷанд - Исфара низ лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия ва пешниҳод карда шаванд.
Тибқи супориши дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кандани нақби Шаҳристон бояд то охири соли равон ба поён расад.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки баҳри таъмини робитаҳои доимии нақлиётӣ ба чор сӯйи олам пайваста тадбирҳои судбахш андешида шаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3490