номаҳо
Ба забону миллатамон арҷ гузорем
Ба Русия рафтем, чун муҳоҷири меҳнатӣ. Дар хонаи як зани рус, ки синнаш аз ҳафтод гузашта буд, иҷоранишин шудем. Чун дарёфт, ки мо забони русиро хуб намедонем, барои омӯзишамон ҳар рӯз вақт ҷудо менамуд. Ба ҷуз ин ҳангоми сӯҳбат ё худ берун аз дарс моро меомӯхт, ки ин ё он калимаро чӣ гуна талаффуз кунему ибораву ҷумларо чӣ сон тартиб диҳем, то ифода дурусту нишонрасу пухта барояд. Барои ин заҳматҳояш маблағ намехост. Ин амалро ӯ аз рӯи муҳаббате, ки ба забону миллаташ дошт, анҷом медод.
Бисёр мехостам, ки мо -тоҷикон низ ба забони модариамон чунин арҷ гузорем ва барои омӯзондани он ба миллатҳои дигаре, ки сокини кишварамон ҳастанд, кӯшиши зиёд намоем. Оре, барои ин ки дигарон забонамонро бошавқ ва ба дурустӣ биёмӯзанд, бояд меҳрубониву донишамонро дареғ надорем.
Ф. Шералӣ,
ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5283