номаҳо
Агар «Тангем» нақлиёти асосӣ намебуд…
Аз зарурат ба «Тангем» менишинам. Аввалин пурсишам баъди ворид шудан ба он чунин аст: «Бачам, ҳуҷҷати ронандагӣ дорӣ?». Чун ҷавоби қаноатбахш мегирам, дилам андак таскин меёбад, аммо тарсам рафъ намегардад. Чаро ки аксари ронандаҳо ҷавонанд ва кам боварии кас меояд, ки таҳсилкарда бошанд. Онҳо қоидаҳои роҳро риоя намекунанд ва дар як муддати кӯтоҳ ба чандин хато роҳ медиҳанд. Бархе дар ҳолати идораи нақлиёт бо телефони ҳамроҳ сӯҳбат мекунанд, аксарашон таҷрибаи кофии ронандагӣ ва мусофирбарӣ надоранд. Ба садамаҳо дучор гардидаанд ва низ имкони рух додани онҳоро ба вуҷуд овардаанд.
Агар «Тангем» дар пойтахт нақлиёти асосӣ намебуд, бо чунин ронандагонаш ман ҳаргиз дар он наменишастам. Оё равост, ки тақдири мусофирони пойтахтро ба дасти чунин ронандагон супорем?
Нигинаи ҲАМРОҲ, ш. Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5163