номаҳо
Гӯё имкон нест
Ман дар хиҷолат меафтам, вақте дар асри XXI, замони прогресси техникӣ, бо хару ароба об мекашем. Ин амали маро садҳо нафар мусофир дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе мебинад. Шояд дили чандин мусофир дар ин ҳол ба ман сӯхта ҳам бошад. Медонам, агар Худо хоста бошад, рӯзе ман аз ин азоб раҳоӣ меёбам. Яъне ба ҷое сероб меравам. Аммо то ба кай ин ҳол барои ҳамдеҳагони ман боқӣ мемонад?
Аз гуфти масъулон, гӯё ҳоло имкон нест, ки барои мардум об биёранд. Кай ин имкон ба вуҷуд меояд? Оё барои тағйири вазъ масъулон коре карданианд?
С. ДАВЛАТОВА,
деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5130