сафарҳо
Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сафар кард
5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар сатҳи сарони давлатҳо ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов ва дигарон ҳамроҳӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1915