президент
Президенти ҷумҳурӣ оид ба иҷрои буҷет машварат доир намуд
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор оид ба натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар нимсолаи якум ва нақшаҳои минбаъда дар ин самт машварат орост.
Оид ба натиҷаҳои иҷрои буҷет дар шаш моҳи соли равон гузориши вазири молия ва роҳбарони дигар сохторҳои масъул шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои таъмини пурра ва саривақтии даромадҳо ба буҷети давлатӣ дар муддати 15 рӯзи оянда нақшаи чорабиниҳо таҳия ва пешниҳод карда шавад ва дар семоҳаи сеюми соли равон баҳри бартараф намудани қафомонии мавҷуда тадбирҳои судбахш амалӣ гарданд.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри ошкор кардани пинҳонсозии даромадҳо аз андозсупорӣ, пешгирии саркашӣ аз супурдани андозҳо ва сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ чораҳои муассир амалӣ карда шаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки маошу нафақа дар соҳаҳои иҷтимоӣ сари вақт ва пурра пардохт карда шаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3473