номаҳо
Пул нест, ки пул сохта шавад?
Дар деҳаи Бешкали ноҳияи Ғончӣ пуле, ки деҳаро бо маркази ноҳия ва вилоят мепайвандад, дар ҳолати харобӣ қарор дорад. Зиёда аз 12 сол шудааст, ки онро сел шустааст. Нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар ин мавзеъ барои аз ҷарӣ гузаштан роҳро бо машаққате убур менамояд. Дар вақти боришоту зимистон ин мавзеъ боз ҳам душворгузар гашта, мусофирон барои бехатарӣ аз ин ҷо пиёда мегузаранд.
Ҳар сол барои барқарор кардани пул корҳои сохтмонӣ оғоз мешаванду боз нотамом мемонанд. Шояд пул намерасад? То ба имрӯз ду пояи пул барқарор шудаасту халос.
Масъулон барои сохтани ин пул, ки қисми зиёди мардуми ноҳия ба он эҳтиёҷ дорад, кай чораи қатъӣ меандешида бошанд? Охир зимистон дур нест.
С. САИДОВ, ноҳияи Ғончӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5178