номаҳо
«Шавад обӣ, нашавад лалмӣ?»
Бо арзи эҳтиром ва сипосгузорӣ барои таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ ба Хуҷанд- маркази маъмурии вилояти Суғд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки мақолаи танқидии «Шавад обӣ, нашавад лалмӣ?» («Ҷумҳурият», № 60, аз 15.05.10), мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Барҳақ, дар масъалаи ободонию сабзкорӣ ҳанӯз камбудиву норасоиҳо ҷой доранд ва барои ислоҳашон тадбирҳо андешида мешаванд.
Мо нағз дарк мекунем, ки ободу зебо, сабзу хуррам ва ба ин васила дилкашу гуворо нигоҳ доштани шаҳр аз вазифаҳои аввалиндараҷаи шаҳрдорӣ маҳсуб мешаванд ва дар ин радиф таъкид бояд кард, ки хоса ободониву сабзкорӣ ҳаргиз хусусияти мавсимӣ касб карда наметавонанд. Ба ин хотир, масъулони муассисаҳои хизматгузор, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ», ҳамчунин сохтори зертобеи он - муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд барои дар майдону хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо шинондану парвариш кардани гулу буттаҳои гуногуннавъ аз ҳама имкониятҳо, хоса маҳаллигардонии гулу сабза ва буттаҳое, ки дар дигар минтақаҳо месабзанд, ҳатталимкон истифода мебаранд ва дар ин кор муваффақ ҳам шудаанд. Майдону хиёбонҳои сабзпӯш, ки тухмии гулу гиёҳашон се сол қабл воридотӣ ҳисоб мешуду алҳол ба тухмии худӣ бадал шудааст, низ дар ҳамин шуморанд.
Гулҳои дӯконҳои назди китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, ҳамчунин растаҳои бозорҳои «Панҷшанбе»-ву фурӯшгоҳҳои мавзеи «Чоршанбе», маҳаллаи «Бофанда»-ю микроноҳияҳои соҳили чап барои фурӯш гузошташуда аксаран дар гулхонаҳои сокинони ноҳияҳои ҳамшафат парвариш меёбанд.
Тазаккур бояд дод, ки вақтҳои охир барои боз ҳам зебову сарсабз намудани хиёбонҳои шаҳр бидуни воридоти беруна гулҳои ҳархелаи ороишии худӣ аввали баҳор шинонида шуда, то охири тирамоҳ таҳти нигоҳубин қарор мегиранд. Ҳоло дар ҳамаи кӯчаю хиёбонҳои шаҳр бо ороиши хоса гулҳои ҳархела шинонида, нигоҳубинашон тибқи талаботи агротехникӣ ба роҳ монда шудааст.
Ду гармхонаи муассисаи кабудизоркунӣ таъмиру тармим шуда, дар онҳо кӯчати даҳҳо намуди гулҳо ҳамасола парвариш меёбанд ва дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шинонида мешаванд.
Ҳамкорӣ бо ширкати «Арча» бо назардошти торафт афзуншавии ҳаҷми кор, нокифоягии қувваи танҳо як муассисаи кабудизоркунӣ дар самти ободонӣ ва сабзкорӣ аз манфиат холӣ нест.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ тамоми имкониятҳоро барои сабзу хуррам ва ободу зебо гардондани маркази маъмурии вилояти Суғд сафарбар менамояд.
С. МИРХОЛИҚОВ,
раиси шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3296