мулоқотҳо
Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Роза Отунбоева
5 июл дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар давраи гузариш Роза Отунбоева мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ду кишвар ва авзои кунунии Қирғизистон баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша омода аст барои таҳкими амнияту субот дар Қирғизистони ҳамсоя дасти ёрӣ дароз намояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1981