номаҳо
Аксари деҳқонон дар осоишгоҳҳо истироҳат карда наметавонанд
Дар даврони шӯравӣ мо, деҳқонон, аз ҳисоби иттифоқи касабаи хоҷагӣ ҳангоми истироҳати меҳнатӣ, яъне фасли зимистон, ба осоишгоҳҳо мерафтем. Муддате табобат мегирифтему истироҳат менамудем. Мутаассифона, ин анъанаи нек аз миён рафт. Маоше, рӯзгоре, ки дорем, на барои пешбурди зиндагӣ мерасад, на барои харидани роҳхат ба осоишгоҳҳо. Ва иттифоқи касаба ҳам он имконияти пешинро дигар надорад. Балки дар баъзе хоҷагиҳои хурд фаъолият намекунад. Нархи роҳхати осоишгоҳи «Зумрад» барои 12 рӯз ҳоло 633 сомонӣ муқаррар гардидааст. Аз ноҳияи мо то ба он ҷо, яъне шаҳри Исфара рафтан, албатта, осон нест, маблағи зиёдро мехоҳад. «Зумрад» осоишгоҳест, ё не охир ки ба хотири деҳқонон бунёд ёфта буд.
Донистан мехоҳем, ки мо аз ҳисоби даромади умумии хоҷагиҳо ҳуқуқи дар осоишгоҳҳо истироҳату табобат карданро дорем?
Н. АМИНОВ,
ноҳияи Панҷ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3340