номаҳо
Нархҳои китобҳоро
назорат мекунанд?
Шояд бовар накунед, ки ман китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро бо нархи 120 сомонӣ харидам. Аммо ин ҳақиқат аст ва исботи он дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе душворие надорад. Дар як дӯкони дигар, дидам, ки ин китоб 60 сомонӣ нарх дорад. Китоби харидаамро бозпас дода, хостам аз ин дӯкон бо нархи арзонтар китобро бихарам, аммо нагирифтанд. Агар тафовут 5-10 сомонӣ мешуд, ҷойи шикояту гила набуд. Фикр мекунам, ки «Тоҷикон» бояд китоби рӯимизии ҳар оилаи тоҷику тоҷикистониён бошад. Аз ин рӯ бояд бо теъдоди зиёд нашр шавад. Дар ин сурат мардум бо нархи арзонтаре онро харидорӣ карда метавонанд. Охир 120 сомонӣ аз маоши ҳадди ақал зиёд аст. Умуман, нархҳои китобро дар кишвар назорат мекунанд?
Х. ФАЙЗУЛЛОЕВ, ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3236