номаҳо
Касбро хор накунед
Як рӯз ба ман нимшӯхиву нимҷиддӣ бо гиламандӣ гуфтанд: «Синнатон аз 80 гузашта, аммо боз ҳам мехонеду менависеду насиҳат мекунеду таълиму тарбия медиҳед». Ман дар ҷавоб ба онҳо аз рӯзгори Қурбонбой ҳикоят кардам. Дар солҳои ҷавонии мо ӯ санбӯсапази номии Исфара буд. Барои гарм нигоҳ доштан зери онҳо лахча (ахгар) мегузошт. Муштариёнаш зиёд буд. Як рӯз ман ба ӯ гуфтам: «Бобо, магар пулҳои хонасозӣ тамом шуданд, ки дар ин синну сол санбӯсапазиву санбӯсафурӯшӣ мекунед»? Эҳсос кардам, ки ин пурсиш ба мӯйсафед сахт расид...
Қурбонбой маро дар паҳлуяш шинонд ва дар лаълича чор санбӯса наздам гузошта гуфт: «Инҳо бепул, бихӯр, нӯши ҷонат шавад». Баъд афзуд: «Пули ман ҳеҷ вақт тамом намешавад. Ман барои рӯзи марг низ тайёрӣ дидаам, мӯҳтоҷи дастгирии касе нестам. Барои маъракаҳоям ҳам захира андӯхтаам. Худат медонӣ, ки ман як одами бефарзанд ҳастам. Агар бимирам, намегӯянд, ки падари фалонӣ мурд. Мегӯянд, ки бобои Қурбони санбӯсапаз аз дунё гузашт. Ҳама дар ин ҳол мефаҳманд, ки гап дар бораи кӣ меравад. Ба ҷаноза, хондани фотеҳа онҳое, ки маро мешиносанд, хусусан муштариёнам меоянд. Туфайли дуои онҳо азоби гӯрам сабуктар мешавад. Кас бояд касбашро хор накунад, то даме қуввату ҷон дар бадан дорад, кор кунад».
Пас аз баёни ин саргузашти ибратбахш оҳи сабуке кашидаму шукр намудам, ки ҳисобам дар ҳамин дунё баробар шуд. Айнан ҳамон саволеро, ки ба Қурбонбой дода будам, ба ман низ доданд. Ман беҳтар дарёфтам, ки дар пиронсолӣ ҳар сухани ноҷо чун тир дили одамиро сӯрох мекардааст. Ва аз он шод гардидам, ки аз рӯи насиҳати Қурбонбой дар зиндагӣ амал кардам.
Яҳёхони ТУРСУНЗОД,
ш. Исфара, Ҷамоати деҳоти Кӯлканд,
кӯчаи Саъдии Шерозӣ, хонаи 38
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3357