номаҳо
«Забони модарӣ»
забони модарии ман нест
Чанд рӯз пеш номаи камол гирифтам. Дар варақаи баҳоям навишта шудааст: «Забони модарӣ 4 (хуб). Яъне ман аз «Забони модарӣ» баҳои хуб гирифтам. Гап дар сари он аст, ки ман шаҳрванди ӯзбекзабони Тоҷикистонам. Дар коллеҷ ягон рӯз, ягон соат фанни забони модариям- забони ӯзбекиро нахондаам. Ман мефаҳмам, ки мурод аз забони модарӣ дар кишварамон забони тоҷикӣ аст. Умуман, агар намояндагони дигар миллат ҳамчун ман ба забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ таҳсил намоянд, онҳо гӯё аз фанни забони модарӣ хондаанду баҳо гирифтаанд.
Ҳамин тавр, ин амал дар мавриди мазкур нодуруст аст. Оё мумкин нест, ки ба ҷойи «забони модарӣ» забони тоҷикӣ ё забони давлатӣ бинависанд?
С. ПӯЛОДОВ, ноҳияи Қубодиён
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3355