номаҳо
Китобҳои таълифшудаи
«Алгебра» душворфаҳманд
Солҳои 70-уми асри гузашта китобҳои дарсии «Алгебра» аз забони русӣ содаву фаҳмо тарҷума мешуданд. Мо, чанд нафар аз муҳассилин, пештар аз он ки устод мавзӯъҳои навро мегузашт, онҳоро мустақилона мехондему мефаҳмидем. Дар ҳалли мисолу масъалаҳо душвориеро эҳсос намекардем. Аз хотир нарафтааст, ки ҳангоми таҳсил дар синфи 7-ум барномаи синфи 8-ро низ аз худ менамудем.
Хушбахтона, ҳоло ин китобҳои дарсӣ тарҷума намешаванд. Яъне онҳо аз ҷониби мутахассисони кишвар таълиф мегарданд. Аммо, ба ростӣ, ба фаҳми он расидан бисёр душвор аст. Чандин мавзӯъро борҳо хондам, то ба фарзандам ҳангоми дарстайёркунӣ бифаҳмонам. Ҳеҷ муваффақ нагардидам. Агар боре ин китобҳои таълифшударо ба китобҳои тарҷумагардида муқоиса намоянд, дармеёбанд, ки гуфтаҳоям ҳақиқат доранд.
Бисёр мехостам, ки дар нашрҳои ояндаи китоби дарсии «Алгебра» барои мактаби таҳсилоти умумии кишвар ин эроди моро ба инобат гиранд.
Қ. АМОНОВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3250