номаҳо
«Шифо»
ҳамеша шифобахши мардум бошад!
Чанд сол аст, ки ҷигарбандам - писараки азизам Азизҷон бемор шуда, мо- волидайнро маъюс гардонд. Ҳар ҷо, ки мебурдем, бемориашро амиқ ташхис карда наметавонистанд ва ин боиси озурдагии мо мегашт. Худ тасаввур кунед, ҳолати падару модарро, ки фарзандашон дар пеши чашмонашон обу адо мешаваду ҳеҷ коре аз дасташон намеояд. Баъди сарсонию саргардонӣ маслиҳат шуд, ки як бор писарамонро ба осоишгоҳи «Шифо», воқеъ дар соҳили «Баҳри тоҷик»-и, шаҳри Қайроққум аст, бубарему ба мутахассисон нишон диҳем. Ҳамин тавр кардем. Сардухтури осоишгоҳ Шарифҷон Абдуллоев баъди муоинаи ҳаматарафа ва шунидани шарҳи ҳоли писарамон дастур дод, ки дар ҳамин ҷо муддате табобат гирад. Дар ин осоишгоҳ гӯиё мӯъҷизае ба вуқӯъ пайваст. Саломатии Азизҷон рӯз ба рӯз беҳ гашта, оқибат шифо ёфт ва сулфааш куллан аз байн рафт. Ҳоло писарамон сиҳат мешавад ва аз ин хурсандии моро ҳадде нест. Аз ин рӯ бо истифода аз ин минбари баланди кишвар мехоҳам арзи сипоси аҳли оилаамонро ба кулли кормандони осоишгоҳ, ба хусус ба духтури ҳозиқу чашмикордон Елена Сисикова ва ҳамшираҳои шафқат Холида Ғаниева, Гулчеҳра Сотиболдиева бирасонам.
Фирӯза МИРАБДУЛЛОЕВА,
сокини шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3360