мулоқотҳо
Сӯҳбати телефонии Сарвари давлат
Cубҳи 27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи онҳоро шунида, оид ба вазъи баамаломадаи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ хисороти ҷиддӣ дидааст, супориш дод, ки ҳарчӣ зудтар ба мардуми осебдида кӯмаки зарурӣ ва саривақтиро расонанд.
Таъкид гардид, ки оид ба бартараф намудани оқибатҳои офат ва расонидани кӯмакҳои моддию молиявӣ ба аҳолии зарардида тадбирҳои судбахш андешида шаванд ва ҳамчунин ба оилаҳои хонаҳояшон пурра харобгашта барои бунёди хонаҳои нав дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кӯмак намоянд.
Ҳамзамон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки рафти бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ зери назорати қатъӣ гирифта шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2033